Имрӯз дар Ӯзбекистон 19,3 миллион нафар занону духтарон зиндагӣ мекунанд. Онҳо қариб нисфи аҳолии кишварро ташкил дода, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият доранд. Солҳои охир барои васеъ намудани имкониятҳо, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, гирифтани дониш, касбомӯзӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Самараи чунин имкониятҳоро дар соҳаи таълим низ дида метавонем. Имрӯз дар мамлакатамон 5 нафар занҳои академик, зиёда аз 700 нафар доктори илм ва беш аз 3 ҳазор нафар номзади илм фаъолият мебаранд. Дар муассисаҳои таълими олии вилоят 87 нафар бонувон дараҷаи доктори илм (DSc) ва 511 нафар доктори фалсафа (PhD) доранд.
Аммо паси ин рақамҳо чӣ меистад? — Саргузашти заноне, ки роҳи илмро интихоб карда, солҳои зиёдро бо омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави илмӣ бахшидаанд.
Анъанаи Устоду шогирд дар Иттиҳодияи «Олима»
Дар рушди муҳити илмӣ барои бонувон фаъолияти Иттиҳодияи занони «Олима» аҳамияти хос дорад.
— Ба корҳои илмӣ ҷалб кардани муҳаққиқони ҷавон, мустаҳкам намудани анъанаи устоду шогирд, дастгирии духтарони соҳибистеъдод ва иштироки занон дар лоиҳаҳои илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо мебошад, — гуфт роҳбари шуъбаи вилоятии иттиҳодия, профессор Дилбар Ҳасанова. — Донишу маҳорати занони олима қодир аст ҷомеаро тағйир диҳад. Эътибори Президенти мамлакат ба занону духтарон моро шод мегардонад ва ҳар яки моро водор месозад, ки тарғибгар ва фидоӣ бошем. Зани маърифатнок бо нури илму маърифаташ қодир аст ба ҳар дил, ба ҳар хонадон роҳ ёбад. Инчунин, онҳо дар ҳама соҳаҳо як қадам пештар ҳаракат мекунанд.
Худи Дилбар Ҳасанова низ дар таҳияи лоиҳаҳои илмӣ саҳм дорад. Аз ҷумла, лоиҳаи «Механизми ташкиливу иқтисодии рушди сайёҳии фарогир барои шахсони ногироидошта (дар мисоли вилояти Навоӣ)» ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки шахсони имконияташон маҳдуд дар соҳаи сайёҳӣ равона шудааст.
Ин гуна ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки доираи таҳқиқоти бонувони пажӯҳишгар сол то сол васеътар мешавад ва масъалаи иҷтимоӣ низ ба мавзӯи илмӣ табдил меёбад.
Аз рақамҳо то натиҷа
Яке аз чунин олимаҳо Нодира Нуриллоева мебошад. Ӯ соли 2022 дар мавзӯи «Морфобиология ва дурнамои истифодаи намудҳои ҷинси Жингил (Lycium L)» рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст. Инчунин, дар озмуни «100 лоиҳаи инноватсиони беҳтарини занони Ӯзбекистон» дар номгӯи «Лоиҳаи инноватсионии самарабахш» ғолиб шудааст.
Ӯ муаллифи қариб 40 мақола ва тезисҳои илмӣ буда, се мақолааш дар маҷаллаҳои шомили пойгоҳҳои байналхалқии Scopus ва Web of Science нашр шудаанд. Ҳамчунин, дар намоишгоҳи «Innoweek‑2022» фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификат гардидааст.
Ин нишон медиҳад, ки имрӯз фаъолияти илмии бонувон танҳо бо гирифтани дараҷаи илмӣ маҳдуд намешавад. Таҳқиқоти нав, татбиқи ғояҳои инноватсионӣ ва ба майдонҳои байналхалқӣ баромадан низ ба самтҳои муҳими фаъолияти олимаҳо табдил ёфтаанд.
— Дар мамлакатамон баробари соҳаҳои дигар барои дар илм низ намоён кардани истеъдоди худ барои бонувон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад, — гуфт Н.Нуруллоева. — Имрӯз мо метавонем тадқиқоти илмии худро ба озмунҳои инноватсионӣ пешниҳод карда, дар лоиҳаҳои байналхалқӣ иштирок намоем. Бо олимони мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, таҷриба омӯзем. Барои ман илм танҳо гирифтани дараҷаи илмӣ нест. Муҳим он аст, ки натиҷаи тадқиқот ба ҳаёт, истеҳсолот ё ҳалли масъалаи мушаххас хизмат намояд.
Илм сарҳад надорад
Имрӯз фаъолияти илмии зан-муҳаққиқони Самарқанд танҳо бо доираи як муассиса маҳдуд намешавад. Онҳо дар лоиҳаҳои байналхалқӣ иштирок намуда, таҷрибаи нав меомӯзанд ва робитаҳои илмиро бо муассисаҳои хориҷӣ таҳким мебахшанд.
О.Пардаева ва И.Боймуродова аз филиали Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд аъзои лоиҳаи байналхалқии «Erasmus+AgroDev» мебошанд. Лоиҳа ба ривоҷи таълими олӣ, дастгирии соҳаҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ равона шудааст.
Вазира Узақова (PhD) низ аъзои лоиҳаи байналхалқии «Erasmus+Higher Education — Staff Mobility for Teaching» буда, ӯ моҳи майи соли 2025 зимни сафари академӣ ба Донишгоҳи Калиши Полша рафт. Вазира дар давоми панҷ рӯз бо забони англисӣ 8 соат дарс гузаронида, 30 нафар донишҷӯро ҷалб кард. Инчунин, ҳангоми сафар бо усулҳои пешрафтаи таълимӣ ва технологияҳои рақамии муассисаҳои таълими олии Аврупо шинос шуда, таҷриба иваз кард. Чунин ҳамкориҳо барои рушди малакаҳои касбӣ ва ривоҷи робитаҳои илмӣ имконияти калон медиҳанд.
Кӣ роҳи онҳоро идома медиҳад?
Ривоҷёбии илм танҳо бо дастовардҳои олимони имрӯз таъмин намешавад. Барои оянда муҳаққиқони нав лозиманд.
Аз ин рӯ, ҷалби духтарони соҳибистеъдод ба илм яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Иттиҳодияи занони «Олима» мебошад. Дар муассисаҳои таълими олӣ ва мактабҳои вилояти Самарқанд вохӯриҳо, суҳбатҳои гирди мизи мудаввар ва дарсҳои маҳорат баргузор мешаванд. Дар онҳо духтарон бо фаъолияти илмии олимаҳо шинос шуда, дар бораи роҳҳои ворид шудани онҳо ба илм маълумот мегиранд.
Озмуни «Ситораҳои илм» низ бо ҳамин мақсад ташкил гардидааст. Дар он намояндагони Институти биохимия, Донишгоҳи давлатии тибби ветеринарӣ, чорводорӣ ва биотехнологияҳои Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд иштирок карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун, мудири лабораторияи биотехнологияи молекулавӣ ва таҳқиқоти муосири ботаникии Институти биокимиё Гулҷаҳон Эшбекова (PhD) соҳиби ҷойи аввал гардид.
Шояд имрӯз барои духтаре вохӯрӣ бо олимон ё иштирок дар чунин озмун танҳо таассуроти як чорабиниро дошта бошад. Аммо маҳз ҳамин гуна вохӯриҳо метавонанд барои интихоби касб ва оғози роҳи илмӣ таъсиргузор шаванд.
Бояд гуфт, ки илм бо як олим оғоз ва ба анҷом намерасад. Он аз устод ба шогирд, аз як насл ба насли дигар мегузарад. Шояд ҳамин идомаи роҳ муҳимтарин натиҷаи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бошад — роҳе, ки имрӯз барои олимони оянда кушода аст.
Дилафрӯзи РАҲМОН
