Ovozi.uz

Вилоятҳои Самарқанд ва Гродно ҳамкориҳоро васеъ мекунанд

Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гродно Юрий Караев мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот самтҳои ояндадори ҳамкории байни минтақаҳо, инчунин лоиҳаҳои мушаххас оид ба минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодӣ ва соҳибкории байни ду вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷониби Самарқанд изҳор дошт, ки ба васеъ кардани импорти чорвои зотӣ ва маҳсулоти гӯштӣ аз вилояти Гродно, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нассоҷӣ, металлургия, мошинсозӣ ва истеҳсоли мебел, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва ғизои кӯдакона манфиатдор аст.

Ҳамчунин, ба иқтидори экспортии вилояти Самарқанд, аз ҷумла экспорти меваҳои хушк, чормағз ва дигар маҳсулоти амиқ коркардшуда, инчунин дар оянда ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сайёҳӣ, тандурустӣ ва таълим низ баррасӣ карданд. Дар поёни мулоқот «Харитаи роҳ»-и навшуда оид ба рушди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва таъмини татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба созиш расиданд.

Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев таъкид кард, ки ҳокимияти вилояти Самарқанд барои дастгирии сармоягузорони Беларус омода аст ва ҳайати вилояти Гроднову намояндагони доираҳои соҳибкориро ба Самарқанд даъват намуд.