Ovozi.uz

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго шумораи фавтидагони вируси Эбола меафзояд

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго шумораи фавтидагон бар асари вируси Эбола ба 2557 нафар расидааст.

Мувофиқи маълумотҳо, мубориза бо вируси Эбола дар 6 вилоят ва 56 минтақаи зарардидаи тандурустӣ идома дорад. Дар маҷмӯъ 5375 ҳолати тасдиқшуда ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 1167 нафар шифо ёфта, 737 бемор ҳоло дар изолятсия ё беморхона қарор доранд.