Ovozi.uz

Чормағз сарморо аз узви бадан дур мекунад

Мағзи чормағз дорои маводи ғизоии бисёр аст. Иқтидори ғизоӣ ва равғаннокии он то ҳадде аст, ки дар 100г чормағз 654 ККал вуҷуд дорад. Аз бисёр хӯрданаш фарбеҳӣ ба вуҷуд меояд. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд тавсия намешавад. Таркиб ва қурби ғизоии он: сафеда, равған, карбогидрат, об, ангиштоб, ғизонокии ККал16,2 г 60 11 4 16 654.

Кӯмак ба хоби беҳтар. Триптофан яке аз таркиботи чормағз аст, ки доштани хоби ором, бокайфият ва афзоиши мизони серотонинро дар бадан кӯмак мекунад. Илова бар ин чормағз як манбаи табии барои таъмини мепотонин аст, ки маъсулияти танзими хобро дар бадан ба ӯҳда дорад.

Пешгиркунандаи резиши мӯй. Чормағз ба далели вуҷуди витамини В7 яке аз хӯрокҳое аст, ки ба тақвияту рушди бештару беҳтари мӯй кӯмак мекунад.

Камранг сохтани нишонаҳои пирӣ. Агар нигарони пир шудани пӯст ва пайдоиши ожанг дар даври чашм ҳастед, ҳаррӯза масраф кардани чормағзро фаромӯш накунед. Ҳамчунин омегаҳои мавҷуд дар он мӯҷиби ҳифзи латофати пӯст мешавад.

Оромбахш ва коҳишдиҳандаи стресс. Чормағз дар коҳиши фишори хун, нақши муҳиме дар аз байн рафтани стресс ва изтироб иҷро мекунад. Агар 200гр қисми чӯбии чормағзро бо як кило асал омехта карда, истеъмол кунанд, омоси ғадудҳоро (аденома)-ро аз байн мебарад.

Фоидаҳои дигари чормағз. Чормағз ба мағзи сар монанд буда, барои саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Хӯрдани чормағз дар фасли гармо, ҳарорати бадан ва захмҳои баданро таҳрик медиҳад ва дар мавсими сардӣ гурдаҳоро гарм нигоҳ дошта, сарморо аз ин узви бадан дур мекунад.