Ovozi.uz

Гид-тарҷумонҳои олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот омӯзонида шуданд

Аз 10 то 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд сеюмин Олимпиадаи шоҳмоти паралимпӣ, 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ва Конгресси 97-уми Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар ин чорабиниҳо беш аз 4 ҳазор меҳмон аз зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ситораҳои шоҳмоти ҷаҳон иштирок кунанд.

Ҳоло дар Самарқанд барои пешвоз гирифтани меҳмонон, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани конгресс ва мусобиқаҳо омодагии ҳамаҷониба идома дорад.

Бо ташаббуси штаби омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо, дар ҳамкорӣ бо Садорати сайёҳии вилоят ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» барои роҳбалад (гид)-ҳо семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд.

Дар семинар масъалаҳои баланд бардоштани малакаҳои касбии роҳбаладон, ба меҳмонон дуруст ва муфассал пешниҳод намудани маълумот дар бораи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои дидании Самарқанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, оид ба кор бо сайёҳон, ташкили хидматрасонии экскурсионӣ ва расонидани хидматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонон тавсияҳои амалӣ дода шуданд.

Дар ҷараёни омӯзиш ҷиҳати ҷойгир намудани маълумоти зарурӣ барои меҳмонон дар маконҳои баргузории чорабиниҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд, истгоҳи роҳи оҳан, меҳмонхонаҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо, инчунин ташкили хидматрасонии роҳбаладону экскурсоводҳо чорабиниҳои дахлдор муайян гардиданд.