Ovozi.uz

Ба аъзои нави Иттиҳоди журналистон гувоҳнома тақдим гардид

Дар Хонаи матбуоти вилоят таҳти мавзӯи «Ҳамкории кормандони васоити ахбори оммавӣ ва хидмати ахбори органҳои идоракунии давлатӣ», ҷамъомад баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ ба як қатор журналистони вилоят гувоҳномаи узвияти Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон супорида шуд.

Гувоҳномаҳоро раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва дигарон супориданд.

Дар қатори якчанд журналистони вилоят, се нафар мухбирони махсуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Фозил Шукуров, Ҳасан Содиқов ва Шаҳзод Кенҷаевҳо низ ба узвияти иттиҳод пазируфта шуда, соҳиби гувоҳнома гардиданд.