Роҳравон, якбора пойҳоям ба дард даромада, аз иҷрои вазифаҳои худ саркашӣ карданд. Маҷбур ба хараки сари роҳ нишастам.
— Боз ин чӣ нағма? То ҳол шумо корпартоӣ намекардед-ку? — рӯйи зонувонамро молида, гӯё ба пойҳоям рӯ овардам. — Ман мефаҳмам, тану тӯши фаҳӯли маро бардошта гаштан он қадар кори осон не. Бештар аз 70 сол мешавад, ки шумо садоқатмандона хизмат карда, маро ба чор тараф бурда мебиёред. Ин тарафаш чӣ қадар монд, Худо медонад. Боз камтари дигар сабр кунед…
Фишори анбӯрвори дарди зонувонам шадидтар гардид. Бо ин дарди ҷонсӯз гӯё пойҳо гуфтанд:
— Акнун ба ёдат расидем? Пештар умуман дар бораи мо фикр намекардӣ-ку?! Аҳволи пастбудагон ҳамеша ҳамин хел. Сарат, ки аз ҳама болост, ҳамеша эҳтиёт мекунӣ. Масалан, саҳл ҳаво хунук шавад, тоқӣ ё телпак мепӯшӣ. Агар чангу ғуборе хезад, барои ҳифзи чашмонат айнак мемонӣ. Мабодо бӯйи бадеро ҳис кунӣ, рӯймолчаро пеши биниат медорӣ. Садои баландеро шунавӣ, сипари пардаҳои гӯшат пахта мешавад. Дастат хунук хӯрад, ба киса мезанӣ. Танатро бо либос аз гармову сармо муҳофизат мекунӣ. Миёнатро бо тасма ва ё яккабанд сахт мебандӣ, ки бақувват бошад. Долларҳои мағзи тасмаи шимат ба дилат қувват мебахшанд. Вале дар бораи мо ғамхорӣ куҷо, ҳатто фикр ҳам намекунӣ. Барои сарфаи муллоҷиринг, мошинсаворию таксигардиро бад мебинӣ. Дар ҷавонӣ пойафзолатро эҳтиёт мекардӣ, вале моро не. Бо мо ба даруни обу лой медаромадӣ. Хулоса, пойафзолат қадр дошту мо не. Чунки онро бо пул харида будиву мо худододи бепул будем. Бори вазнинро ба сари китфат гирӣ, аз китф миннатдор мешудиву аз мо не. Ҳатто ба гӯшаи хаёлат намеомад, ки бар замми вазни тану тӯшат бори бардоштаат ҳам ба пойҳо меафтад. Баъзан дар лаҳзаҳои душвор ларзем, ки ту бепарво будӣ. Ту фақат буд шудани корат ва даромад гирифтанро медонистӣ!.. Ҳамин хел не?
Ман ба ғайр аз ботинан тасдиқ кардан илоҷи дигаре надоштам. Бо вуҷуди он, ғурунгосзанон гуфтам:
— Дуруст, шумо ҳақ ҳастед. Дигар чӣ кор кунам буд ман?
Зиндагӣ маҷбур мекард, аз паси ризқу рӯзӣ давидан даркор буд…
— Одамизод ҳамин хел як махлуқи дурӯя! — дар ҷавоб гӯё нолаҳои пойҳоямро шунидам. — Ҳамеша барои сафед кардани худ баҳона меёбад. Дар дунё чӣ бисёр — баҳона бисёр. Ҳақиқати ҳолро ба гардан гирифтан ҳам мардӣ аст!
Ҳамеша меҳнаткаш хору зору бекорхӯҷаву муфтхӯр азизу арҷманд… Ҳар ҷое, ки нишастан мехоҳӣ, аввал он ҷоро мебинӣ, ки бехавф аст, нағзакак месанҷӣ — оё сахту дағал нест?
Бештар қафои ту дивану роҳаткурсиро меписандад. Ҳамчун нишони эътибору эҳтиром пеш аз нишастан барои думбаҳоят кӯрпача мепартоӣ…
Фикр карда бинам, гапҳояш дуруст. Ман нисбати пойҳо бераҳмӣ, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо душманӣ кардаам. Акнун дар навбати худ пойҳо аз ман ниқор мегиранд. Бе пойҳо зиндагӣ душвор асту тани одам ҷуволи гӯшту устухон.
— Хайр, почаҷонҳо, ман нодонӣ карда бошам ҳам, номардӣ накардаам. Дар санатория шуморо ҳам молиш додам, болоятон мумшамъ гузоштам. Ҳамчун ғамхорӣ ба шумо дар буғхонаи ҳаммом шиштам…
Минбаъд, то имкон ҳаст, бо мошин мегардам. Барои ба шумо каму беш мадад расонидан асо мегирам. Шумо ҳам номардӣ накарда, боз каме хизмати худро аз мани мӯйсафед дареғ надоред. Рагҳои поям кашиданд. Ончунон ба дард даромад, ки гумон кардам ҳозир ҷонам мебарояд. Қаҳромез гӯё пойҳо ба ман гуфтанд:
— Қафоятро, ки доимо азиз медоштӣ, акнун бо ҳамон гард!
Ман танҳо гиря намекардаму халос…
Бахтиёри ҶУМЪА
