Ovozi.uz

Дар Маркази ҷавонон маркази нави таълимӣ кушода шуд

Директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев дар маросими кушодашавии маркази нави таълимӣ, ки дар Маркази ҷавонони вилояти Самарқанд таъсис ёфтааст, иштирок кард.

Марказ барои рушди дониш ва малакаҳои ҷавонон, азхуд намудани касбҳои замонавӣ ва дар оянда барои кашф кардани имкониятҳои худ шароитҳои иловагӣ меофарад.

Пас аз маросими ифтитоҳ, А. Саъдуллоев бо ҷавононе, ки дар марказ таҳсил мекунанд, сӯҳбати самимӣ анҷом дод. Дар рафти сӯҳбат фикри донишҷӯён оиди ҷараёни таълим, шавқу рағбат, нақшаҳои оянда ва худтакмилдиҳӣ шунида шуданд.

Ин гуна имкониятҳое, ки барои ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, на танҳо барои ба даст овардани донишҳои нав, балки барои гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи мақсадҳои амиқ низ майдони муҳим мебошад.