Ovozi.uz

Ба ҳар як депутат 50 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ин маблағ ба чӣ сарф мешавад?

Минбари депутат

Пештар депутатҳо ба ҳавзаи интихоботии худ рафта, бо интихобкунандагонашон вохӯрӣ гузаронанд, ҳазор хиҷолат мекашиданду бармегаштанд. Ҳоло бошад, дар бисёр маҳаллаҳо шаҳрвандон омадани депутатро мунтазиранд.

Сабаб дар он аст, ки имрӯз барои депутат ҷиҳати кор бо муроҷиатҳо, дар ҷойи худ ё дар асоси дархости депутатӣ ҳал кардани мушкилот, расонидани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои аз ҷониби ҷомеа баёншуда барои ташкилотҳои масъул шароит ва имкониятҳои хуб фароҳам оварда, ин имкониятҳо бо қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудаанд.

Дар асл, яке аз вазифаҳои асосии депутат аз омӯхтани муроҷиатҳои шаҳрвандон, сафарбар намудани тамоми захира ва имкониятҳои мавҷуда барои бартараф намудани мушкилоти ҳудуди интихобшуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва мусоидат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум иборат аст. Мутаассифона, нафароне низ ҳастанд, ки ба ин вазифаи муҳим аз рӯйи панҷа нигоҳ карда, танҳо нишони депутатиро ба сина зада мегарданд. Аммо ба ин гуна «гаштугузор» акнун тадриҷан хотима дода мешавад.

Шӯро ва котибот, ки аз ҳокимияти иҷроия мустақилона фаъолият мекунанд, масъулияти ҳар як депутатро ёдрас менамоянд. Мутобиқи ин, барои намояндагони халқ низ шароит ва имкониятҳои кофӣ фароҳам оварда мешаванд. Ба сифати далели гуфтаҳои худ метавон далелҳои зеринро мисол овард: аввалан, Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоят, ноҳия ва шаҳр барои фаъолияти мустақилонаи худ аз ҷиҳати моддию техникӣ низ мустақил мешаванд. Яъне, ҳар як Шӯро бинои алоҳидаи худ ва роҳбарияту кормандони худро соҳиб гардид. Раиси Шӯро низ мисли пештара ҳоким нест, балки аз байни депутатҳо интихоб мешавад. Ин имконият фароҳам овард, ки нисбат ба роҳбари ташкилоти иҷроия ва шахсони масъул дар доираи қонун талабҳо гузошта шаванд.

Дуюм, дархостҳои депутатӣ зери назорат гирифта мешаванд. Пештар агар дархости депутатӣ мефиристодем, ҷавоби онро интизор мешудем, агар ҷавоб дода намешуд, дубора муроҷиат мекардем. Ҳатто дар сурати фиристода шудани ҷавоб ба дархости депутатӣ, он танҳо ба таври расмӣ ва барои ҳисобот ҷавоб дода мешуд. Ҳоло бошад, ҳар як дархости депутатӣ ба таври электронӣ ва онлайн фиристода шуда, котиботи Шӯро аз рӯйи натиҷадории он назорат ва мониторинг мебарад.

Нисбат ба шахсони масъуле, ки ба дархости депутатӣ ҷавоб намедиҳанд ё ҷавоби беасос медиҳанд, дар доираи қонун чораҳо мешаванд. Аслан, сухан дар бораи чораандешӣ нест, балки дар бораи тағйир додани муносибат ба муроҷиати депутате меравад, ки намояндаи халқ мебошад. Зеро дар ҳар як дархости депутатӣ муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мушкилоте, ки мунтазири ҳалли худ мебошанд, ҷой гирифтаанд.

Имконияти дигари ба депутатҳо додашуда (дар мисоли Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Самарқанд): дар банди 10‑уми қарори Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Самарқанд аз 21‑уми апрели соли 2026 «Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии шаҳр» барои ба таври мусбат ҳал намудани муроҷиатҳои аз шаҳрвандон ҳангоми вохӯрии депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд бо аҳолӣ дар маҳалҳо воридшаванда, бо мақсади бартараф намудани мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию амалӣ ва инфрасохторӣ дар ҳудуди депутат, васеъ татбиқ намудани тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ ва ба реестри иҷтимоӣ вориднашуда (таъмиру таҷҳизонидани манзилҳои истиқоматӣ ва ғайра), ҳифзи муҳити зист ва экология, беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва шароити санитарию гигиенӣ, инчунин гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурӣ ба ҳар як депутат 50 (панҷоҳ) миллион сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар ин самт дар назди депутатҳои Шӯрои шаҳр низ вазифаҳои муҳим гузошта шудаанд, ки иҷрои онҳо қаноатмандии мардум ва самаранокии ислоҳотро нишон медиҳад. Ҷавобан ба ин, дар натиҷаи омӯзишҳои депутатӣ зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони маҳаллаи Мӯлиён дар ҳавзаи интихоботии Мӯлиён‑30, баланд бардоштани малакаҳои тарзи ҳаёти солим, сохтмони майдончаи варзишӣ барои машғул шудани кӯдакону ҷавонон ба варзиш муайян карда шуд. Дар ин маҳалла аз ҷониби фаъолони маҳалла корҳои ибтидоӣ барои сохтмони майдончаи варзишӣ оғоз гардиданд. Илова бар ин, бо истифода аз маблағҳои иловагӣ барои ҷудо намудани 32 миллион сӯм ҷиҳати хариди тӯри муҳофизатӣ (панҷара, сетка) ва таҷҳизоти равшанидиҳии майдончаи варзишӣ кумаки амалӣ расонида шуд.

Ростӣ, ин дар баробари васеъ намудани мавқеъ ва доираи таъсири депутат дар маҳалҳо, инчунин ба рушди эътимод ва ҳамкории мутақобила дар байни аҳолӣ хизмат мекунад.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд.