Мегӯянд, инсон вақте худро хушбахт мешуморад, ки касбу кори дӯстдоштаашро бо дили гарм ва масъулият анҷом медиҳад. Барои омӯзгор бошад, хушбахтӣ дар он аст, ки донишу таҷрибаи худро ба насли наврасу ҷавон бахшида, дар ташаккули шахсияти онҳо саҳмгузор бошад.
Бо амри тақдир ба ман низ омӯзгори Донишгоҳи давлатии Самарқанд шудан насиб гаштааст. Ҳар субҳ бо як ҷаҳон хушнудӣ ва эҳсоси масъулият ба донишгоҳ меоям, то дар баробари таълим додан аз донишҷӯён омӯзам, таҷриба андӯзам ва дар роҳи тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат саҳм гузорам. Факултети мо Психология ва фанҳои иҷтимоиву сиёсӣ буда, дар таркиби он кафедраҳои Педагогика ва психологияи умумӣ, Психологияи амалӣ, Санъатшиносӣ ва Фалсафа дохил мешавад. Декани факултет, дотсент Зарифа Мӯминова, зани оқилаву донишманд ва кордон буда, бо кормандон муносибати самимӣ ва дӯстона дорад.
Дар факултет пайваста чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд. Як қатор омӯзгорони факултет барои таҷрибаомӯзӣ ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, усулҳои муосир ва ғайрианъанавии таълимро омӯхта, дар фаъолияти омӯзгории худ татбиқ менамоянд.
Кафедраи мо — Педагогика ва психологияи умумӣ — таҳти роҳбарии дотсент Дилдора Сулаймонова фаъолият мекунад. Мудири кафедра бо донишу таҷриба ва инсондӯстии худ дар пешрафти фаъолияти кафедра саҳми арзанда мегузорад.
Дар кафедра 22 нафар омӯзгор, аз ҷумла 2 профессор, 1 доктори илм, 7 дотсент, 2 номзади илм (PhD) ва 10 ассистент фаъолият мебаранд. Омӯзгорони кафедра баробари фаъолияти таълимӣ ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ низ машғуланд. То имрӯз аз ҷониби онҳо 2 китоби дарсӣ, 5 дастури таълимӣ, 3 монография ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нашр шудааст.
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ-эҷодии «Трансформатсияи шахс ва таълим» низ фаъолият мекунад, ки дар он донишҷӯёни факултет ҷалб шудаанд. Маҳфил ҳар моҳ тибқи нақша баргузор гардида, ҳадафи асосии он рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва равонии донишҷӯён, инчунин омода намудани онҳо ба талаботи муосири соҳаи маориф мебошад. Аъзои маҳфил дар чорабиниҳои донишгоҳ ва факултет бо корҳои илмӣ ва эҷодии худ фаъолона иштирок мекунанд.
Донишгоҳ барои ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ танҳо макони таҳсилу кор нест, балки даргоҳи илму маърифат, мактаби бузурги зиндагӣ ва худшиносӣ мебошад. Ҳар сол 21-уми сентябр Рӯзи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин даргоҳи муқаддас тайи солҳои зиёд барои таълиму тарбияи ҷавонон хизмат намуда, садҳо олимону донишмандон, омӯзгорону мутафаккирони маъруфро ба камол расонидааст.
Имрӯз низ Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии худ дар рушди ҷомеа саҳми назаррас мегузорад. Барои мо — омӯзгорон — дар чунин даргоҳи муқаддаси илму маърифат фаъолият намудан ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург мебошад.
Малика Ҷумъазода,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Самарқанд
