Ovozi.uz

Дар соли 2030 мумкин аст ба 11 миллион нафар шифокор эҳтиёҷ пайдо мешавад — СҶҲТ

Тахмин меравад, ки дар даҳ соли оянда дар 67 мамлакати ҷаҳон аз ҳар се шифокор як нафар ба нафақа мебароянд.

Mувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ, пиршавии аҳолии ҷаҳон ва тағйирёбии сохтори синнусолии кормандони соҳаи тиб метавонад дар солҳои оянда дар назди системаи соҳаи тандурустӣ мушкилоти нав ба миён орад.

Дар гузориши нави созмон қайд мешавад, ки то соли 2030 норасоии кормандони соҳаи тиб дар миқёси ҷаҳон метавонад ба 11,1 миллион нафар расад. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар додааст.

Аз ҷумла, бо далели норасоии шифокорон ва ҳамшираҳои тиббӣ дар 67 кишвари ҷаҳон, нигоҳ доштани сатҳи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ душвор мегардад. тахмин меравад, ки дар ин кишварҳо дар давоми даҳ соли оянда аз ҳар се шифокор як нафар ба нафақа мебарояд.

Ин мушкилӣ хусусан дар кишварҳои сердаромад, аз ҷумла дар як қатор давлатҳои Аврупо бештар мешавад. Яке аз омилҳои асосии чунин вазъият ҳиссаи зиёди кормандони солхӯрдаи соҳаи тиб дар ин кишварҳо арзёбӣ мешавад. Тибқи ҳисобҳои СҶҲТ, барои нигоҳ доштани сатҳи кунунии таъминоти аҳолӣ бо кормандони соҳаи тиб танҳо дар ҳамин 67 кишвар дар ин соҳа 832 ҳазор нафар корманди иловагӣ лозим мешавад. Афзоиши талабот ба кормандони соҳаи тиб мумкин аст ба муҳоҷирати байналмилалии меҳнатӣ низ таъсир расонад. Аз ҷумла, зиёд шудани ниёз ба мутахассисони хориҷӣ метавонад боиси афзоиши рафтани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ аз кишварҳои камдаромад гардад. Ин ҳолат ба таъминоти кадрии соҳаи тандурустӣ дар баъзе давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Бо муносибат СҶҲТ аз ҳукумати кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии норасоии кормандони соҳаи тиб, омода кардани мутахассисони нав ва нигоҳ доштани кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ чораҳои саривақтӣ ва дарозмуддат андешанд.