Ovozi.uz

Қадами нав дар табобати саратон: ду усули нав озмуда шуд

Олимони Донишгоҳи миллии Сингапур усули нави таъсиррасонӣ ба омоси ғадуди шириро мавриди озмоиш қарор доданд.

Дар ҷараёни таҳқиқот муайян шуд, ки майдонҳои электромагнитии импулсӣ метавонанд ҳуҷайраҳои масуниятии бофтаи омосро аз нав барномарезӣ карда, онҳоро барои мубориза бо ҳуҷайраҳои саратонӣ фаъол созанд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи «Smart Medicine» нашр шудааст, олимон ба макрофагҳо – ҳуҷайраҳои муҳими низоми масуният – таъсир расонидаанд.

Дар муҳити омос макрофагҳо баъзан ба ҷойи мубориза бо саратон ба ҳолате мегузаранд, ки ба афзоиши он мусоидат мекунад. Аммо зери таъсири импулсҳои магнитӣ фаъолияти онҳо тағйир ёфта, ба навъи М1 мегузарад. Ин навъи макрофагҳо метавонанд ба ҳуҷайраҳои омос ҳамла карда, онҳоро нобуд созанд.

Дар ин раванд сафедаи TRPC1 нақши муҳим дорад. Он дар интиқоли сигналҳо дар дохили ҳуҷайра иштирок карда, метавонад ба таъсири майдонҳои электромагнитӣ посух диҳад. Дар ҷараёни таҳқиқот пас аз 10 дақиқа таъсиррасонӣ ин сафеда фаъол шуда, раванди биологии тағйир додани ҳолати макрофагҳоро ба роҳ мондааст.

Дар моделҳои пешклиникӣ пас аз чор маротиба таъсиррасонии 30-дақиқаина дар 75 дарсади омосҳо пурра аз байн рафтани онҳо мушоҳида шудааст. Аммо ин натиҷа танҳо ба таҷрибаҳо дар ҳайвонот дахл дорад ва самаранокии ин усул дар табобати саратони инсон ҳанӯз исбот нашудааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, яке аз бартариҳои эҳтимолии ин равиш дар он аст, ки барои таъсир расонидан ба омос шояд истифодаи доруҳои кимиётерапевтӣ зарур набошад. Ин ҳолат барои омӯзиши имкони коҳиш додани баъзе таъсироти номатлуб замина фароҳам меорад.

Айни замон ин усул дар марҳилаи таҷрибавӣ қарор дорад. Озмоишҳои ибтидоии клиникӣ оид ба бехатарии он гузаронида шудаанд ва ҳоло ба нақша гирифта шудааст, ки самаранокии он дар инсонҳо арзёбӣ шавад. Ҳамчунин олимон имкони истифодаи таъсири майдони электромагнитиро дар якҷоягӣ бо кимиётерапия меомӯзанд. Дар Ҷопон табобати саратони сурхрӯда бо вируси аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта оғоз шудДар Ҷопон бошад, барои табобати саратони сурхрӯда истифодаи доруи бар асоси вируси аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта оғоз гардид. Тибқи маълумоти «Mainichi Shimbun», доруи Telomelysin (Теломелин) моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷопон тасдиқ шуда, фурӯши он аз 21 август оғоз ёфтааст.

Ин доруро ширкати «Oncolys BioPharma», ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Окаяма таъсис ёфтааст, таҳия кардааст. Он барои беморони гирифтори саратони сурхрӯда пешбинӣ шудааст, ки гузаронидани ҷарроҳии радикалӣ ё ҳамзамон истифода бурдани кимиётерапия ва табобати шуоъӣ барои онҳо имконнопазир аст.

Асоси Теломелинро аденовируси аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ташкил медиҳад. Аденовирусҳо ба гурӯҳи вирусҳое дохил мешаванд, ки одатан метавонанд дар инсон, аз ҷумла бемориҳое ба мисли зукоми сабукро ба вуҷуд оранд. Олимон онро тавре тағйир додаанд, ки вирус дар ҳуҷайраҳои саратонӣ, ки фаъолияти теломераза дар онҳо баланд аст, бештар афзоиш ёбад. Афзоиши вирус боиси вайрон ва нобуд шудани ҳуҷайраҳои омос мегардад. Дору тавассути эндоскоп мустақиман ба омос ворид карда мешавад. Табобат се маротиба бо фосилаи дуҳафтаина гузаронида шуда, ҳамзамон бо табобати шуоъӣ истифода мешавад. Ин усул аз он ҷиҳат низ аҳамият дорад, ки гузаронидани ҷарроҳии кушодро талаб намекунад. Дар озмоишҳои клиникӣ тақрибан дар нисфи беморон пас аз 1,5 соли оғози табобат омос аз байн рафтааст. Дар байни таъсироти номатлуб табларза ва муваққатан коҳиш ёфтани шумораи лимфоситҳо мушоҳида шудааст. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ин табобат метавонад яке аз равишҳои нави мубориза бо саратони сурхрӯда бошад. Ширкат нақша дорад дар оянда имкони истифодаи чунин табобати вирусиро барои омосҳои узвҳои дигар, аз ҷумла саратони рӯдаи рост ва канали мақъад, низ омӯзад.