ё худ андешаҳо оиди садамаҳои нақлиётӣ
Қариб ҳар рӯз хабарҳои садамаҳои нақлиётиро мешунавем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем ё бевосита шоҳиди онҳо мегардем. Дар мо ҳамин тавр аст. Агар ба сари нафаре ғаму кулфат ояд, ин ғаму кулфат ба ҳамаи аҳли оила, хешовандон, ҳатто, дар ҷойҳое ба ҳамсояҳову аҳли деҳу кӯй ҳам якхел таъсир мекунад. Аз ин рӯ, вақте ки мо ба омори фавтидагони садамаҳои нақлиётӣ нигоҳ мекунем, набояд фикр кунем, ки дар ким-куҷое танҳо як ё ду нафар вафот кардааст. Балки дар пеши назари мо нолаи зори модаре, оҳи ҷонсӯзи падаре, навҳаи тоқатфарсои шавҳаре ва ё ашкҳои шашқатори кӯдаки ятиммондае низ бояд намудор шавад.
Дар паси фармон — ба фармони дил
Агар ронандаҳои мо пеш аз ба паси фармон (рул)-и мошин нишастан, инҳо ва илова ба инҳо, ҳаёти беранги солҳои тӯлонии пушти панҷараи маҳбасро як пеши назар меоварданд ва оқибати як амали беандешонаро дарк мекарданд, шояд ҳоло теъдоди хуфтагони «водии хомӯшон» ва маъюбоне, ки пушти тирезаҳои бемористон бо умед ба берун менигаранд, камтар буд. Сад афсӯс!
Ёд дорам, якчанд сол қабл бо сафари корӣ ба яке аз мамлакатҳои дурдаст рафта будем. Дар он ҷо аз ронандае пурсидам: «Чаро дар шаҳри шумо ҳамаи ронандагон пеш аз он, ки шахсе ба назди гузаргоҳи пиёдагардон расад, мошинро нигоҳ медоранд ва ба ӯ роҳ медиҳанд? Ҷаримааш калон аст ё ин аз маданияти баланди ронандаҳост?» Гуфта буд: «Ҳам ҷарима шудан намехоҳанд, ҳам маданияти баланд доранд, вале фаротар аз ин, оқибати амали андешиданашудаву таваккалона ва бемасъулиятиро хуб тасаввур карда метавонанд».
Шояд ҷиҳати нозуки мо ҳам дар ҳамин бошад. Ба фикри камина, аксарияти мардуми мо аз ақл дида, ба фармони дил бештар гӯш медиҳанд ва аз ин рӯ, амалҳоеро, ки ақл манъ мекунад, дидаву дониста иҷро мекунанд. Пас аз он, ки кор аз кор гузашт, ба кумаки ақл ниёз пайдо хоҳанд кард.
Дар шаш моҳ — 311 садама
Мувофиқи маълумотҳо, соли 2025 дар ҷумҳурии мо 9 ҳазору 226 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа, 2 ҳазору 188 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 8 ҳазору 901 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аксари садамаҳо на бар асари нуқсонҳои техникӣ, балки ба омилҳои инсонӣ вобастаанд. Аз ҷумла, соли гузашта 32,9 дарсади садамаҳо дар натиҷаи аз меъёр зиёд будани суръати ҳаракат, 22,4 дарсад бинобар риоя накардан ба чароғаки роҳнамо (светофор) ва аломатҳои роҳ, 13,6 дарсад ба сабаби роҳ надодан ба пиёдагардон ва 4,2 дарсад бар асари дар ҳолати хастагӣ идора кардани автомобил ё хоб бурдани ронанда рух додаанд.
Дар миқёси вилоятамон бошад, дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи 311 садамаи нақлиётӣ, 53 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 192 нафар ҷароҳатҳои дараҷаҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.
Ба суръати муқарраршуда риоя накардани ронандагон, баромадан ба хатти ҳаракати муқобил, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, дар ҳолати хастагӣ рондани мошин ё бурдани хоб ҳангоми нишастан пушти чамбарак, инчунин беназорат мондани кӯдакон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки боиси аксари садамаҳои дорои оқибатҳои вазнин шудаанд.
Дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 432 ҳазору 871 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ошкор шудааст. Аз ин шумора беш аз 110 ҳазор ҳолат қоидавайронкунии дағалона, 1 625 ҳолат идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, беш аз 32 ҳазор ҳолат қоидавайронкунии пиёдагардон, 6 965 ҳолат риоя накардан ба талаботи чароғи сурхи роҳнамо ва беш аз 21 ҳазор ҳолат идора кардани воситаи нақлиёт бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ буда, 1 486 ҳолат ба итоат накардан ба талаботи қонунии корманди хидмати бехатарии роҳ рост меояд.
Вале набояд фаромӯш кард, ки тарафи дигари танга ҳам ҳаст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 72 садама маҳз бар асари аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани пиёдагардон ба амал омадаанд. Пас, дар ин маврид танҳо ронандаро гунаҳкор донистан дуруст нест. Пиёдагард низ ҳамчун иштирокчии баробарҳуқуқи ҳаракати роҳ вазифадор аст, ки ба талаботи муқарраршуда риоя кунад. Хусусан, волидон ба фарзандони худ дар ин кор бояд намуна бошанд. Мутаассифона, бештар мо акси ин ҳолро мушоҳида менамоем. Камина борҳо занҳоеро дидаам, ки аз дасти фарзандони худ дошта, аз ҷои муайяннашудаи роҳ мегузаранд ва на танҳо ҷони худ, балки ҷони кӯдаконро низ ба хатар мегузоранд.
Беҳбудӣ ҳаст, аммо…
Бояд эътироф намуд, ки дар вилояти Самарқанд барои ҳарчӣ камтар рух додани садамаҳои нақлиётӣ чораҳои самаранок андешида мешаванд. Хусусан, дар давраи сипаришудаи соли равон дар кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо 1038‑то аломати нави роҳ гузошта ва 292 аломати кӯҳна ба нав иваз карда шудааст. 9 светофори нав насб ва 3 светофори куҳна азнавсозӣ гардидааст. 559 гузаргоҳи пиёдагардонро ҳам нав кардаанд.
Илова бар ин, дар доираи тамоюлҳои «Роҳи бехатар ва пиёдаи бехатар», «Диққат, пиёда!», «Диққат, кӯдакон!», «Скутери бехатар» ва ғайра корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ пеш бурда мешаванд.
Аз ин ҷост, ки теъдоди умумии садамаҳо нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ба 117 ё 27,3 дарсад кам шуда, аз 428‑то ба 311‑то расидааст. Вале набояд бо ин нишондиҳандаҳо маҳдуд шуд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ дод, ки сатҳи ҳолатҳои ногувори нақлиётӣ ба сифр расад.
Ба ҷои хулоса
Имрӯзҳо, ки воситаҳои нақлиёт ва шумори ронандаҳо зиёд мешаванд, мо бояд ба маданияти роҳ беш аз пештара таваҷҷуҳ зоҳир кунем. Ҷони худро азиз дорему ҷони дигаронро ҳам. Мавзӯи садамаҳои нақлиётӣ 50–60 сол қабл ҳам мубрам буду имрӯз ҳам ва мо набояд аз огоҳӣ кардани якдигар хаста шавем. Мо агар якҷоя ҳаракат накунем ва маданияти роҳро аввал дар худ ва наздикони худ ташаккул надиҳем, наметавонем ба натиҷае бирасем ва ягон сохтору хадамот ва ислоҳоту чораҳо наметавонанд моро аз ҳолатҳои ногувори нақлиётӣ пурра эмин нигоҳ доранд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
