Ovozi.uz

Дар Самарқанд чӣ хел технологияҳо офарида мешаванд?

Имрӯз, вақте ки сухан аз технологияҳои замонавӣ меравад, аксари мардум пеш аз ҳама маҳсулоти хориҷиро тасаввур мекунанд.

Оё медонед, ки дар худи шаҳри Самарқанд низ чунин маҳсулоти технологӣ истеҳсол мешаванд? Ҳалли масъалаҳое, ки аз ҷониби барномасозони маҳаллӣ таҳия шудаанд, то чӣ андоза арзиши аслии маҳсулотро коҳиш медиҳанд?

Ба ин саволҳо метавон дар мисоли ширкати «Самлед» ҶДММ, ки дар шаҳри Самарқанд фаъолият мекунад, ҷавоб пайдо кард. Вазири технологияҳои рақамии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов зимни сафари худ ба Самарқанд бо фаъолияти ин корхона, ки ба истеҳсоли маҳсулоти технологӣ машғул аст, шинос шуд.

Имрӯз ҶММ «Самлед» дар самти истеҳсоли камераҳои муосири назоратӣ, турникетҳои интеллектуалӣ бо технологияи FaceID, васлкунии таҷҳизоти компютерӣ ва маҳаллисозии нармафзори онҳо, инчунин рақамикунонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фаъолият мекунад.

Роҳбари корхона Ҷамшед Сатторов дар бораи зинаҳои рушди «Самлед» ва натиҷаҳои бадастомада маълумот дод. Корхона фаъолияти худро аз истеҳсоли баландгӯякҳо оғоз карда, имрӯз зери бренди «Samvision» камераҳои замонавии назоратӣ истеҳсол мекунад. Ҷолиби диққат аст, ки нармафзори ин камераҳо аз ҷониби барномасозони маҳаллӣ — мутахассисони Самарқанд таҳия мешавад. Ин имкон медиҳад, ки арзиши аслии маҳсулот нисбат ба намунаҳои ҳаммонанд то 30 фоиз кам карда шавад.

Дар корхона инчунин турникетҳои интеллектуалӣ, ки бар асоси технологияи FaceID кор мекунанд, истеҳсол мешаванд. Ҳамзамон, барои пурра маҳаллисозӣ намудани истеҳсоли таҷҳизоти компютерӣ низ корҳои зарурӣ идома доранд.

Шерзод Шерматов таъкид кард, ки маҳсулот ва қарорҳои нармафзорӣ бояд на танҳо ба бозори дохилӣ пешниҳод шаванд, балки имконияти содироти онҳо ба бозорҳои хориҷӣ низ васеъ карда шавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъалаҳои рушди қарорҳои маҳаллии техникӣ ва нармафзорӣ, васеъ намудани истеҳсолот ва таҳкими истиқлолияти технологӣ эътибори махсус зоҳир гардид.

Нигора Раҳмонова