Нақшаи миллӣ оид ба расонидани ёрии тиббӣ ба кӯдакон ва наврасони гирифтори бемориҳои онкологӣ ва гематологӣ барои солҳои 2025–2035 шаш самти стратегии асосиро дар бар мегирад.
Самти аввал ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, мустаҳкам намудани иқтидори кадрӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Чаро ин самт муҳим аст? Мувофиқи таҳлилҳо, соли 2024 дар Ӯзбекистон нишондиҳандаи панҷ сол зиндагӣ кардани кӯдакони гирифтори бемориҳои онкологӣ ва гематологӣ 17 фоизро ташкил додааст. Ҳамзамон, 59,8 фоизи бемориҳо дар марҳилаҳои сеюм ва чорум ошкор шудаанд.
Аз ин рӯ, дар Нақшаи миллӣ барои беҳтар намудани ташхиси барвақтӣ ба се омили муҳим эътибори махсус дода шудааст: ➖ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиббӣ; ➖ ташаккули иқтидори устувори кадрӣ бо дониш ва малакаҳои замонавӣ; ➖ васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла феҳристи миллии беморони саратонӣ (кансер-регистр), корти электронии тиббӣ, PACS, LIMS ва телетиб.
Бар асоси ин, шифокорони оилавӣ, педиатрҳо ва ҳамшираҳои тиббӣ оид ба нишонаҳои аввалияи хатарноки саратони кӯдакон, алгоритмҳои равона кардани беморон ва муҳлатҳои зарурии ташхису муоина омӯзиши махсус мегиранд.
Барои волидон ва мактабҳо низ компанияҳои миллии иттилоотӣ оид ба нишонаҳои асосии саратони кӯдакон ташкил карда мешаванд. Инчунин, рушди феҳристи миллии беморони саратонӣ, интегратсияи он бо низомҳои электронии тиббӣ ва ба роҳ мондани машваратҳои телетибӣ байни муассисаҳои тиббии ҳудудӣ ва ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки то соли 2030 ҳолатҳои дер ошкор шудани беморӣ ба 50 фоиз кам гардад.
Хизмати матбуоти Вазорати тандурустӣ
