Ovozi.uz

Ба нурониён барои хариди чиптаҳои қатора 20 фоиз тахфиф дода мешавад

Дар доираи «Ҳафтаи пиронсолон» ва «Моҳи сайёҳӣ барои пиронсолон» ба нурониён барои қисми тарифии чиптаҳои қатора 20 фоиз тахфиф дода мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар додааст.

Тибқи маълумот, аз ин имтиёз занони аз 55-сола боло ва мардони аз 60-сола боло, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, истифода бурда метавонанд.

Тахфиф ҳар сол амал мекунад: ➖ 1–30 ноябр — «Моҳи сайёҳӣ барои пиронсолон».

Имтиёзи мазкур ғайр аз қатораи баландсуръати электрикии «Афросиёб» дар ҳамаи қатораҳои хатсайрҳои дохилӣ татбиқ мешавад.

Чиптаҳои тахфифдорро метавон ба таври онлайн ё тавассути кассаҳои роҳи оҳан харидорӣ кард.