Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск пас аз коҳиш ёфтани нархи саҳмияҳои ширкатҳои SpaceX ва Tesla бори дигар мақоми триллионериро аз даст дод. Сарвати софи ӯ то 977,2 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Тибқи маълумоти маҷаллаи Forbes, 13-уми октябр сарвати софи соҳибкор 28,6 миллиард доллар ё тақрибан 2,8 дарсад кам шудааст. Сабаби асосии ин пас аз оғози савдо беш аз 3 дарсад поён рафтани нархи саҳмияҳои SpaceX будааст. Қимати саҳмияҳои Tesla низ тақрибан 0,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Маск ҳамагӣ чор рӯз пеш бо сабаби боло рафтани нархи саҳмияҳои ҳар ду ширкат дубора мақоми триллионериро ба даст оварда буд.
Сарвати софи ӯ бори аввал пас аз ба савдои оммавӣ баровардани саҳмияҳои SpaceX дар моҳи июни соли 2026 аз 1 триллион доллар гузашт.
Мувофиқи маълумоти Forbes, соҳибкор тақрибан 48,4 дарсади саҳмияҳои SpaceX ва 11 дарсади саҳмияҳои Tesla-ро дар ихтиёр дорад.
Гуфта мешавад, ки коҳиш ёфтани нархи саҳмияҳои SpaceX дар фони фурӯши саҳмияҳои ширкатҳои истеҳсолкунандаи микрочипҳои зеҳни сунъӣ ба амал омадааст, хабар медиҳад Report.az.
