Ovozi.uz

Муҳлати пардохти маблағи шартномаи таҳсил то 1-уми ноябр дароз карда шуд

Муҳлати пардохти маблағи шартномаи таҳсил ва ба расмият даровардани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои соли таҳсили 2026–2027 то 1-уми ноябр дароз карда шуд. Дар ин бора Вазорати таълим ва илму фани Ӯзбекистон хабар додааст.

Тибқи маълумот, ин муҳлат ба довталабоне, ки барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура тавсия шудаанд, инчунин ба донишҷӯёне, ки таҳсилашонро ба муассисаи дигар интиқол додаанд ё пас аз қатъ шудан барқарор кардаанд, дахл дорад.

То муҳлати муқарраршуда бояд на камтар аз 25 фоизи маблағи солонаи шартномаи таҳсил бо нархи муқаррарӣ ва на камтар аз 50 фоизи маблағи шартномаи таҳсили тафриқавӣ пардохт карда шавад.

Ҳамчунин, аз соли таҳсили 2026–2027 тартиби пардохти 30 фоизи маблағи шартномаи таҳсил барои фарзандони омӯзгороне ҷорӣ карда мешавад, ки дар зинаи бакалавриати муассисаҳои давлатии таълими олӣ дар шакли таҳсили рӯзона мехонанд.

Барои гирифтани чунин имтиёз бояд тавассути платформаи kontrakt.edu.uz ариза пешниҳод карда шавад.