Дар шаҳри Самарқанд маросими ифтитоҳи Саммити ҷаҳонӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда» идома дорад.
Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорони саммитро котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов қироат кард.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ раиси сессияи 81-уми Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид Халилур Раҳмон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои ташаббуси баргузории саммити ҷаҳонӣ ва дар сатҳи баланд ташкил кардани ин саммит изҳори сипос кард.
Паёми Сардабири Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба иштирокдорони саммитро намояндаи доимии СММ дар Ӯзбекистон Сабине Махл қироат намуд.
Дар саммит Бонуи аввали Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои васоятии Бунёди байналмилалии ҷамъиятии «Замин» Зироат Мирзиёева суханронӣ карда, ба кори саммит муваффақият орзу намуд.
Дар доираи саммити дурӯза ҳамчунин Конгресси дуюми байналмилалӣ оид ба онкологияи кӯдакон баргузор мегардад.
Дар чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо Намояндаи махсуси Сардабири СММ оид ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ЮНИСЕФ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ташкил шудаанд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва беш аз 100 кишвар, коршиносону мутахассисони хориҷию маҳаллӣ, инчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд.
Дар ин саммити бонуфузи байналмилалӣ ба масъалаҳои таъмини некӯаҳволии кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, васеъ намудани имкониятҳо дар соҳаҳои таълим ва тандурустӣ, инчунин фароҳам овардани шароити муносиб барои наслҳои оянда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Саммит аз ҷониби намояндагони беш аз 70 расонаи хабарии хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба таври васеъ инъикос мегардад. Агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва намояндагони дигар расонаҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи рафти саммит, масъалаҳои баррасишаванда ва ташаббусҳои пешниҳодшуда маълумот мерасонанд.
Дар Самарқанд саммити ҷаҳонӣ идома дорад
