Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён як гурӯҳ кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди низоми таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳои соҳибкасб бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд.
Дар байни онҳо аввалин проректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов, доктори илмҳои физика-математика, муштарии доимии рӯзномаи мо, профессор Аҳмадҷон Солеев низ ҳаст. Ба ӯ унвони фахрии «Мураббии хидматнишондодаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дода шуд.
— Аҳмадҷон Солеевич, аввалан ба шумо эътироф ва унвони фахрии «Мураббии хидматнишондодаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» муборак бошад…
— Дар асл ман интизори мукофот набудам. Шодам, ки Роҳбари давлатамон меҳнати камтаронаи каминаро баланд баҳогузорӣ намуда, ба ман ин унвонро тақдим намуданд. Ҳоло ҳам табрикҳои самимӣ идома доранд. Ҳамкорон, шогирдон ва шиносон на танҳо аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, балки аз кишварҳои Аврупо, Канада, Америка ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон занг мезананд. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам тавассути рӯзнома ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ изҳор намоям.
— Ба назари шумо, таълимдиҳандаи беҳтарини насли ҷавон ва фаъолияти ӯ бояд чӣ гуна бошад?
— Тафаккури васеъ ва дониши зиёди муаллим муҳимтарин омилҳои ҷараёни таълим мебошанд. Набояд фаромӯш кард, ки устод масъулиятноктарин вазифаро иҷро мекунад, яъне инсонро таълим медиҳад. Ман маҳз бо шарофати ҳамин гуна устодонам, ки таълимдиҳандагони беҳтарин буданд ва дар дили ман меҳри омӯзгориро пайдо намуданд, омӯзгор шудам.
— Киҳо дар роҳи донишандӯзии шумо нақши муҳим бозидаанд?
Дар мактаби миёнаи рақами 16‑и ноҳияи Самарқанд, ки онро хатм кардаам, Сайфиддин Нарзиев, Александра Болшакова, Барно Исмоилова, Анастасия Иванова, Ӯлмас Раззоқов ва дигарон ба ман дарс гуфтаанд. Ман устодони донишгоҳии худро низ бо миннатдории бузург ба ёд меорам. Дар байни онҳо профессор Маъруф Исроилов ҷои махсусро ишғол мекунад. Маслиҳатҳо, ҳидоятҳо ва боварии ӯ ба ман кумак карданд, ки мақсадҳои илмии минбаъдаамро муайян кунам. Сонитар, мо якҷоя дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор кардем, семинарҳои илмӣ гузаронидем ва китоби дарсиро оид ба назарияи ададҳо омода намудем. Дар сарнавишти илмии ман академик Шавкат Алимов низ нақши муҳим бозид, ки бо тавсияи ӯ ман дар Москва ба докторантура дохил шудам. Профессор Александр Дмитриевич Брюноро, ки таҳти роҳбарии ӯ тадқиқоти илмӣ мебурдам, бо миннатдорӣ ба ёд меорам. Ман аз ҳар кадоми онҳо чизҳои зиёдро, пеш аз ҳама, садоқат ба кори худ ва кӯшиши доимӣ ба донишҳои навро омӯхтам.
— Устодони имрӯза бояд кадом дониш ва таҷрибаҳои байналмилалиро аз бар кунанд?
— Таҷриба нишон дод, ки дар мактаби олӣ устод, сарфи назар аз дараҷа ва унвони илмӣ, бояд пойдевори мустаҳками дониш, бар замми ин, бояд дар сатҳи байналмилалӣ дошта бошад. Ман бо методҳои таълимии Хитой, ИМА, Германия, Англия, Япония ва дигар кишварҳо шинос шудаам. Фикр мекунам, ки ҳамкоронамон низ аз методҳои хориҷӣ бохабар бошанд, дар корҳои илмии худ аз зеҳни сунъӣ моҳирона истифода баранд ва дар айни замон ба он вобаста нашаванд. Қобили зикр аст, ки намудҳои зиёди таълиму тарбия ва рушд мавҷуданд ва ҳар кадоми онҳо дар ҷои худ муҳиманд. Аммо аз ҳама баландтар бояд тарбияи ахлоқӣ ва таълими муосир истад, ки барои халқу Ватан зарур аст.
— Аҳмадҷон Солеевич, дар давоми солҳои фаъолият дар донишгоҳ чандин насли математикҳо ба воя расиданд. Кадом дастовардҳои солҳои охир шуморо махсусан шод мегардонанд?
— Албатта, пеш аз ҳама, маро муваффақиятҳои ҷавонон шод мекунанд. Имрӯз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов баробари иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мақолаҳои илмӣ менависанд, стипендияҳои бонуфуз мегиранд ва таҳсилро дар донишгоҳҳои пешсафи хориҷӣ давом медиҳанд. Яке аз чунин ҷавонони боистеъдод, хатмкардаи факултаи математика Бобомурод Абдураҳмонов мебошад, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овардааст. Боиси хушнудист, ки Самарқанд ба макони вохӯрии математикони кишварҳои мухталиф табдил меёбад. Дар ин ҷо анҷуманҳои байналмилалии илмӣ гузаронида шуданд, ки барои рушди илм, махсусан барои тадқиқотчиёни ҷавон аҳамияти калон доранд. Солҳои охир мавқеи байналмилалии донишгоҳи мо низ ба таври назаррас мустаҳкам мешавад. Дар соли 2026 ДДС ба қатори донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон аз рӯи самти «Забонҳои муосир»-и рейтинги фаннии QS дохил шуд. Ин натиҷаи меҳнати бузурги устодон ва олимони мост ва ман боварӣ дорам, ки донишгоҳро дар пеш боз дастовардҳои зиёд интизоранд.
Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА
