Ovozi.uz

Соҳибкорони Россия дар Самарқанд

Ҳайате иборат аз аъзои шуъбаи ташкилоти ҷамъиятии «Деловая Россия» дар Перм ба Самарқанд омад.

Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов истиқбол гирифт.

Нахуст, мулоқоти соҳибкорони Россия бо намояндагони шуъбаи вилоятии Палатаи савдову саноат ва доираҳои соҳибкории вилоят баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни субъектҳои соҳибкорӣ, рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

— Мулоқот бо соҳибкорони самарқандӣ барои мо дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои фоиданоки дуҷониба ва омӯзиши имкониятҳои нави тиҷоратӣ аҳамияти муҳим дорад, — гуфт сардиректори ҶММ «СВ-СЕРВИС» Евгений Струков. — Мо омодаем, ки робитаҳои соҳибкориро дастгирӣ намуда, ҳамкориро густариш диҳем ва лоиҳаҳои муштараки ояндадорро амалӣ созем. Чунин мулоқотҳо барои мустаҳкам намудани робитаҳои соҳибкорони ду минтақа мусоидат мекунанд.

Тибқи барномаи сафар, меҳмонон аз мақбараи Амир Темур, майдони Регистон, маҷмааи Шоҳи Зинда ва дигар мавзеъҳои дидании шаҳр боздид хоҳанд кард.

Барои маълумот: «Деловая Россия» ташкилоти ҷамъиятӣ дар Россия буда, манфиатҳои соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусиро ҳимоя мекунад. Фаъолияти он ба рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байни мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ равона шудааст.

Шуъбаи ин ташкилот дар Перм сохтори минтақавии он буда, бо соҳибкорони кишвари Перм ҳамкорӣ мекунад.