Бо фаро расидани рӯзҳои сард ва наздик шудани зимистон на танҳо табиат, балки саломатии инсон низ ба озмоиш дучор мешавад. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, сардии ногаҳонӣ ва бештар дар ҷойҳои пӯшида ҷамъ омадани одамон метавонанд ба паҳншавии сироятҳои роҳҳои нафас сабаб шаванд. Аз ин рӯ, дар арафаи мавсими сармо риояи қоидаҳои гигиена, ғизои дуруст ва муносибати масъулона ба саломатӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Зуком танҳо як шамолхӯрии одӣ нест. Он бемории шадиди вирусӣ буда, аксаран бо оғози ногаҳонӣ, таби баланд, дарди мушакҳову буғумҳо, ларза, сардардӣ ва беҳолӣ намоён мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо зуком метавонад боиси пешомадҳои ҷиддӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш гардад. Хатари чунин пешомадҳо, махсусан барои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин (куҳна) бештар аст.
Пас, чӣ бояд кард, то рӯзҳои сардро бо саломатии хуб паси сар намоем?
Мардуми мо бо меҳмоннавозӣ ва муносибатҳои гарми иҷтимоӣ шинохта шудаанд. Тӯю маъракаҳо, бозорҳо, чойхонаҳо ва нақлиёти ҷамоатӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мардуманд. Аммо дар ҷойҳои серодам, махсусан ҳангоми нокифоя будани гардиши ҳаво, эҳтимоли гузаштани вирусҳо меафзояд.
Вирусҳо асосан тавассути зарраҳои ҳангоми нафаскашӣ, гуфтугӯ, сулфа ва атса ба ҳаво паҳншаванда мегузаранд. Баъзе вирусҳо, инчунин метавонанд тавассути дастҳои олуда ва ламс кардани чашм, бинӣ ё даҳон гузаранд. Аз ин рӯ, риояи чанд қоидаи одӣ метавонад хатари сироятёбиро кам кунад.
Пеш аз ҳама, дастонро мунтазам бо обу собун шустан лозим аст. Пас аз бозгаштан аз кӯча, бозор ё нақлиёти ҷамоатӣ ва пеш аз хӯрокхӯрӣ ба ин қоида диққати махсус бояд дод.
Дар давраи афзоиши бемориҳои сироятӣ беҳтар аст аз тамоси наздик бо шахсони бемор худдорӣ карда, ҳангоми салом додан фосилаи муносибро риоя намоем. Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои серодам, муассисаҳои тиббӣ ва ҳангоми доштани нишонаҳои беморӣ низ метавонад хатари гузаштани вирусро коҳиш диҳад.
Ҳавои тоза низ воситаи муҳими пешгирӣ мебошад. Мунтазам шамол додани хонаҳо, синфхонаҳо ва ҷойҳои корӣ барои беҳтар шудани гардиши ҳаво мусоидат мекунад. Ҳангоми шамолдиҳӣ бояд ба шароити обу ҳаво ва нигоҳ доштани ҳарорати муносиб дар дохили бино низ диққат дод.
Дар мубориза бо зуком пешгирӣ аз табобат осонтар ва бехатартар аст. Яке аз роҳҳои асосии коҳиш додани хатари гирифторӣ ба шаклҳои вазнини зуком ваксинаи мавсимӣ мебошад. Ваксина метавонад эҳтимоли беморшавӣ ва пешомадҳои онро кам кунад, ҳарчанд муҳофизати комилро кафолат надиҳад ҳам.
Ба пиронсолон, занони ҳомила, кӯдакон ва гирифторони бемориҳои музмин тавсия дода мешавад, ки дар бораи зарурати ваксина бо мутахассиси соҳаи тиб маслиҳат кунанд.
Дар баробари ин, ғизои дуруст, хоби кофӣ ва ҳаракати ҷисмонӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти муътадили системаи масуният (иммунитет) аҳамияти калон доранд. Дар фасли сармо истеъмоли сабзавоту меваҳои тару тоза, ғизоҳои дорои сафеда ва нӯшидани миқдори кофии моеъро фаромӯш набояд кард.
Чойи гарм бо лимӯ, асал ё меваҳои хушк метавонад барои гулӯ ва нигоҳ доштани тавозуни моеъ дар организм муфид бошад. Аммо бояд дар назар дошт, ки ҳеҷ як нӯшокӣ ё маҳсулоти алоҳида наметавонад ҷойгузини ваксина ва дигар чораҳои пешгирии сироят гардад. Асалро низ ба кӯдакони то яксола додан мумкин нест.
Шӯрбо ва дигар таомҳои серғизои миллӣ метавонанд қисми ғизои солим бошанд. Истифодаи пиёзу сирпиёз низ ба ғизо мазза мебахшад, аммо онҳо воситаи исботшудаи пешгирӣ ё табобати зуком нестанд.
Дар байни мардум дуд кардани ҳазориспанд низ ҳамчун анъанаи маъмулӣ боқӣ мондааст. Вале далели кофии илмӣ вуҷуд надорад, ки дуди он вирусҳои дохили организмро нобуд созад ё аз зуком пешгирӣ кунад. Баръакс, дуд метавонад роҳҳои нафасро озурда намояд. Аз ин рӯ, барои беҳтар кардани сифати ҳавои хона шамолдиҳии мунтазам ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист роҳи муносибтар аст.
Сайругашт дар ҳавои тоза ва фаъолияти ҷисмонии мунтазам низ ба саломатии умумӣ мусоидат мекунанд. Дар рӯзҳои сард мувофиқи обу ҳаво либос пӯшидан, аз тар шудани бадан эҳтиёт шудан муҳим аст.
Яке аз муаммоҳои мавсими зуком худсарона истеъмол кардани доруҳо мебошад. Баъзе одамон баробари пайдо шудани таб, сулфа ё обравии бинӣ ба дорухона рафта, бе машварати табиб дору мехаранд. Чунин муносибат на ҳамеша ба шифоёбӣ мусоидат мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо метавонад ба саломатӣ зарар расонад.
Зуком ва аксари сироятҳои маъмули роҳҳои нафас аз вирусҳо ба вуҷуд меоянд, дар ҳоле ки антибиотикҳо барои муолиҷаи сироятҳои бактериявӣ истифода мешаванд. Истеъмоли нодуруст ё бесабаби антибиотикҳо метавонад боиси таъсирҳои номатлуб ва афзоиши муқовимати бактерияҳо ба доруҳо гардад. Аз ин рӯ, антибиотикро танҳо бо тавсияи мутахассиси тиб қабул кардан зарур аст.
Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан низ бояд эҳтиёткор буд. Зарурати истифодаи доруҳои пасткунандаи таб на танҳо аз рақами ҳарорат, балки аз ҳолати умумии бемор, синну сол ва бемориҳои ҳамроҳ вобаста аст. Дору бояд мувофиқи дастури тиббӣ ва тавсияҳои мутахассис истифода шавад.
Агар нишонаҳои беморӣ пайдо шаванд, беҳтар аст дар хона монда, истироҳат кунед ва аз тамоси наздик бо дигарон худдорӣ намоед. Ин ҳам ба барқарор шудани организм мусоидат мекунад ва ҳам хатари сироят кардани ҳамкорон, ҳамсинфон ва аъзои оиларо кам мекунад. Ҳангоми зарурат бояд бо табиб машварат кард.
Нафастангӣ, дарди қафаси сина, беҳолии шадид, ё бад шудани ногаҳонии вазъи саломатӣ аломатҳое мебошанд, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доранд. Агар таб ё нишонаҳои беморӣ давом кунанд ё вазъи бемор беҳтар нашавад, муроҷиат ба муассисаи тиббӣ муҳим аст.
Хулоса, агар аз ҳоло ба саломатии худ ва наздиконамон таваҷҷуҳ зоҳир кунем, метавонем рӯзҳои сарди солро бо хотири ҷамъ, неруи тоза ва дар ҳалқаи гарми оила паси сар намоем.
Фирӯза МАТЁҚУБОВА, ассистенти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва курси бемориҳои сироятии факултети таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳи тиббии Самарқанд
