Ovozi.uz

Иҷрои нақша: 120 дарсад

Истифодаи оқилонаи на танҳо майдонҳои асосии кишоварзӣ, балки канори заминҳои кишт, атрофи канал, коллектор-­дренаж ва дигар қитъаҳои истифоданашуда низ ба манбаи истеҳсоли маҳсулоти иловагӣ ва даромади бештар табдил меёбад.

Бинобар ҳамин, дар мамлакатамон чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 декабри соли 2024 «Дар бораи чораҳои рушди истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз имкониятҳои иловагии мавҷуда дар майдонҳои кишоварзӣ» вазифаҳои муҳим муайян карда шуданд.

Мувофиқи қарор, Кумитаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ вазифадор шудааст, ки дар канори заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ҳудуди назди хонаҳо ва биноҳои бисёрошёна, инчунин кӯчаҳои дохилии маҳаллаҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монад. Ҳамзамон, таъмини субъектҳои кишоварзӣ бо тухмию ниҳолҳо ва ташкили содироти маҳсулоти истеҳсолшуда низ аз самтҳои муҳими ин кор ба шумор меравад.

Дар вилоятамон татбиқи ин вазифаҳо марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. То имрӯз дар масоҳати 1916,3 гектари канори заминҳои кишоварзӣ корҳо анҷом дода, дар ин майдонҳо 1 миллиону 451 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонданд. Нишондиҳандаи иҷрои нақша дар ин самт 120 дарсадро ташкил кард.

Баробари ин, дар атрофи канал, коллектор-­дренаж ва шабакаҳои обёрӣ дар масоҳати 897 гектар 649 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд. Ниҳолҳо ҳоло нашъунамо ёфта, қад меафрозанд. Маълумоти ниҳолҳои шинонда, ба низоми иттилоотии Кумитаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ — «Э-фито.уз» ворид карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҷараёни корҳо ба таври электронии шаффоф назорат ва таҳлил карда шаванд.

Аз аввали моҳи апрели соли равон дар майдонҳои муайяншуда кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, полизӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои равғандор амалӣ мегарданд.

Барои таъмини назорати доимӣ нозирони давлатии назорати фитосанитарӣ, ки ба ҳудудҳои дахлдор вобаста шудаанд, ҳамарӯза мониторинг мегузаронанд. Натиҷаи ин мониторингҳо тавассути платформаи «Назорати саҳроӣ» дар низоми иттилоотии автоматии «Э-фито.уз» ба таври электронӣ сабт ва назорат карда мешаванд.

Чунин усули кор ба мутахассисон имкон медиҳад, ки вазъи майдонҳоро сари вақт арзёбӣ намуда, иҷрои корҳои кишоварзӣ ва самаранок истифода шудани заминҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Дар вилояти Самарқанд, ҳамчунин ба рушди кишти зироатҳои тирамоҳӣ — «Туқсонбости» эътибори махсус дода мешавад. Бо ин мақсад дар минтақаҳо чорабиниҳои намоишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуданд.

Дар маркази ин ташаббус ғояи муҳиме қарор дорад: «Деҳқон бояд ба саҳро на барои нақша, балки барои даромад ворид шавад».

Ин принсип ба он равона шудааст, ки замин на танҳо чун майдони иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, балки ҳамчун манбаи даромади воқеӣ барои деҳқон ва фермер истифода шавад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, имконияти дар канори заминҳои кишоварзии вилоят 1 ҳазору 665 гектар ва дар атрофи шабакаҳои коллектор-­дренажӣ 550 гектар заминро барои кишти зироатҳои тирамоҳӣ тайёр кардан мумкин аст. Ҳоло дар ин майдонҳо корҳои кишт идома доранд ва истифодаи самараноки онҳо метавонад ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва ба даст овардани даромади иловагӣ мусоидат намояд. Агар замин оқилона истифода шавад, он сарчашмаи фаровонӣ, шуғл ва даромади устувор мегардад.

Бахтигул ҒАНИЕВА, корманди хидмати матбуоти Садорати ҳимоя ва карантини растаниҳои вилояти Самарқанд