Ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳудудии вилояти Самарқанд оид ба мубориза бо коррупсия баргузор гардид. Дар он аъзои шӯро, роҳбарони раёсату идораҳои вилоят ва кормандони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад натиҷаҳои омӯзиши гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коррупсия дар вилояти Самарқанд, инчунин масъалаҳои марбут ба иҷрои «Харитаи роҳ», ки бо мақсади тақвияти мубориза бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои охир дар вилоят ҷиҳати пешгирии коррупсия, таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти соҳаҳо, тақвияти механизмҳои назорат ва рақамикунонии ҷараёнҳои идоракунӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шудаанд.
Тавре ҷонишини прокурори вилоят Учқун Бутунов қайд кард, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи ҳолатҳои коррупсионӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳолат кам шудааст. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти бозорҳо, ҳаҷми воридоти маблағ нисбат ба солҳои қаблӣ 5,8 миллиард сӯм афзудааст. Ҳамчунин, бо камераҳои баданӣ (боди-камера) таъмин намудани кормандони баъзе соҳаҳо ба баланд бардоштани шаффофият дар фаъолияти хидматӣ ва ба таври назаррас коҳиш ёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат кардааст.
Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар баъзе самтҳо хатарҳои коррупсионӣ ва муаммоҳои низомӣ ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, ҳарчанд корҳои рақамикунонӣ дар бозорҳо яке аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ ҷорӣ гардидаанд, дар ҷараёни ҷамъоварии ҳаққи даромад, истифодаи таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва ситонидани пардохтҳо то ҳол ҳолатҳои хилофи қонун ба назар мерасанд. Ҳамчунин, мушкилоти вобаста ба таъмини воридоти андоз ва маблағҳои буҷетӣ дар маҳалҳо, камбудиҳо дар фаъолияти таваққуфгоҳҳои ҷаримавии автомобилҳо, ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудани ҷараёни рақамикунонӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва суст пеш рафтани корҳои бо камераҳои назоратӣ таъмин намудани мактабҳо зикр гардиданд.
Дар ҷараёни баррасӣ масъулони Ассотсиатсияи бозорҳои вилоят, мақомоти андоз, Раёсати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Раёсати корҳои дохилии вилоят, инчунин раёсатҳои тандурустӣ ва таълими томактабию мактабӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда маълумот пешниҳод карданд. Ҳамзамон, вобаста ба ҳалли муаммоҳои мавҷуда, коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар ҷараёни хидматрасонӣ ва ба низоми аз коррупсия озод табдил додани ҳар як соҳа пешниҳодҳо ироа гардиданд.
Дар ҷамъбасти ҷамъомад ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, баланд бардоштани масъулияти шахсии роҳбарону кормандони ташкилотҳои масъул ва таъмини иҷрои вазифаҳои дар «Харитаи роҳ» пешбинишуда чораҳои мушаххас муайян карда шуданд.
