Ovozi.uz

Дар фурудгоҳи Самарқанд ҳолати ғайриқонунӣ ворид намудани ашёҳои заргарӣ ошкор шуданд

Кормандони гумруки кишварамон барои пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии тилло ва ашёҳои заргарӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд.

Аз ҷумла, дар гузаргоҳи сарҳадию гумрукии «Фурудгоҳи Самарқанд» ҳолати ғайриқонунӣ ворид намудани ашёҳои заргарӣ ошкор гардид.

Мусофире, ки тавассути хатсайри ҳавоии Истанбул — Самарқанд ба кишвар омада буд, ҳангоми гузаштан аз назорати гумрукӣ роҳрави «сабз»-ро интихоб кард. Аммо бо сабаби дар борҳои дастии ӯ ошкор шудани ашёи шубҳанок кормандони гумрук мусофирро барои санҷиши иловагӣ ба роҳрави «сурх» равона карданд.

Дар натиҷаи санҷиш аз дохили сумкаи дастии мусофир ашёҳои заргарӣ бо вазни 379 грамм пайдо шуд, ки он дар декларатсияи гумрукии мусофир нишон дода нашуда, инчунин аз меъёри иҷозатдодашудаи воридоти бебоҷ зиёд будааст.

Дар ҳолати дигар, мусофире, ки тавассути хатсайри Тел-Авив — Самарқанд омада буд, ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаштан бо истифода аз дастгоҳи махсуси сканеркунандаи бадани инсон мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, дар байни либосҳои зерпӯши ӯ маснуоти заргарии пинҳоншуда бо вазни 50 грамм ошкор гардид.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши умумии маснуоти заргарии дар ҳар ду ҳолат ошкоршуда 579 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

Ҳоло маснуоти мазкур ҳамчун далели шайъӣ барои нигоҳдорӣ гирифта шуда, вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол то ҳол Садорати гумруки вилояти Самарқанд 94 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маснуоти заргариро пешгирӣ кардааст. Арзиши умумии маснуоти мусодирашуда 4,6 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.