Ovozi.uz

Барои ҳифзи мероси таърихӣ чӣ бояд кард?

Алломаҳои бузург, ёдгориҳои меъморӣ, ҳунарҳои мардумиву таърихи кӯҳан мавқеъ ва салоҳияти Самарқандро на танҳо дар Роҳи бузурги абрешим, балки дар тамоми ҷаҳон машҳур кардааст. Аз ин рӯ, баробари нигоҳ доштани ин мерос, омӯзиш, тарҷума ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани он низ вазифаи муҳим мебошад.
Дорандаи ордени «Дӯстӣ», донишманди маъруфи матншинос ва таърихдону манбаъшинос Комилхон Каттаев дар ҳифзу ба наслҳои оянда расонидани сарватҳои таърихию маънавӣ солҳо боз заҳмат мекашад. Ҳамчун яке аз намояндаи авлоди Махдуми Аъзам ба омӯзиш ва тарғиби мероси ӯ машғул аст. Инчунин ӯ, 20 сол дар қабристони Чокардизаи Самарқанд таҳқиқоти илмӣ бурдааст.
Комилхон Каттаев аввалин олими ӯзбекистонӣ ба ҳисоб меравад, ки самти таҳқиқоти илмии навиштаҷоти эпиграфӣ дар ёдгориҳои фарҳангӣ ва сангҳои қабрро оғоз кардааст. Ӯ ҳамчун мудири шуъбаи дастнависҳои шарқӣ дар Осорхона-­мамнуъгоҳи давлатии Самарқанд, корманди калони илмӣ ва мудири сектори шуъбаи вилоятии Академияи илмҳои Ӯзбекистон, роҳбари маркази дастнависҳои шарқӣ дар Институти давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ва ҷонишини аввали директори Бунёди Шоҳизинда самаранок кор кардааст. Аз соли 2000 ин ҷониб ҳамчун раиси Бунёди тадқиқоти илмии ба номи Махдуми Аъзами Даҳбедии вилояти Самарқанд кор мекунад.
Комилхон Каттаев ҳамчун бостоншинос ва муҳаққиқи манбаъҳо дар матбуоти Ӯзбекистон ва хориҷа тақрибан сесад мақолаи илмӣ ва оммавӣ, инчунин дар бораи зиёратгоҳҳои Чокардиза, Шоҳизинда ва маҷмааи Регистон беш аз шаст китоб чоп кардааст.
Ба қарибӣ мо бо ин марди таърихдону манбаъшинос суҳбате оростем. Инак, мухтасари он ба диққати ҳаводорони рӯзнома пешкаш мешавад.
— Ҳоло осори кадом алломаҳои Самарқанд, ки дар рушди илму фарҳанг саҳм гузоштаанд, ба омӯзиши бештар ниёз дорад?
— Самарқанд бо донишмандон ва мактабҳои илмии худ шуҳрат пайдо кардааст. Имом Мотуридӣ ва Бурҳонид­дини Марғинонӣ аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи илму маърифати исломӣ мебошанд. Асари «Ҳидоя»-и Марғинонӣ дар таърихи фиқҳи исломӣ беназир аст. Дар баробари онҳо, осори Абулҳасан Имом Растиғфонӣ, Имом Алии Суғдӣ, намояндагони хонадони Паздавӣ ва дигар донишмандони маъруф низ сазовори омӯзиши амиқтаранд. Таҳқиқи дастхатҳо, нашри осори онҳо ва муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиш метавонад саҳми ин алломаҳоро дар таърих равшантар созад.
— Имом Мотуридӣ дар рушди илму маърифати исломӣ саҳми бузург гузоштааст. Имрӯз барои ҳифзу омӯзиши мероси илмии ӯ чӣ корҳоро анҷом медиҳанд?
— Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-­Мотуридӣ аз донишмандони бузурги асрҳои IX–X буда, дар рушди илми ақида ва каломи исломӣ саҳми арзанда дорад. Ӯ дар маҳаллаи Мотуриди наздикии Самарқанд ба дунё омада, асосгузори мактаби ақидавии мотуридия ба шумор меравад, ки яке аз равияҳои муҳими аҳли суннат аст. Имом Мотуридӣ дар осори худ, аз ҷумла «Китоб-ут-тавҳид» ва «Таъвилоту аҳли-с-сунна» масъалаҳои эътиқодӣ ва тафсири Қуръонро бо истифода аз далелҳои нақлӣ ва ақлӣ шарҳ додааст. Андешаҳои ӯ дар рушди илми исломӣ ва ташаккули суннати ҳанафӣ таъсири назаррас гузоштаанд. Мотуридӣ соли 944 дар Самарқанд вафот карда, дар қабристони Чокардиза ба хок супурда шудааст. Ҳоло, дар оромгоҳи ӯ маҷмааи ёдгорӣ бунёд гардид, ки имрӯз яке аз маконҳои муҳими таърихию маънавии шаҳр ба шумор меравад. Мероси илмии Имом Мотуридӣ то имрӯз мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор гирифтааст ва осори ӯ дар бисёр кишварҳои исломӣ арзиши баланд дорад. Аҳамияти ҳифзи мақбара, таҳқиқи дастхатҳои вобаста ба фаъолият ва муаррифии осори ӯ барои наслҳои оянда дар шинохти саҳми Самарқанд дар тамаддуни исломӣ хеле калон аст. Президентамон зимни боздид аз маҷмааи ёдгории Имом Мотуридӣ таъкид намуданд, ки ин макон бояд на танҳо зиёратгоҳ, балки маркази омӯзиши мероси илмӣ ва маънавии ниёгон бошад. То моҳи октябри соли 2026 дар маҷмаа масҷиди нав бунёд гардида, мақбараҳои Имом Мотуридӣ ва Бурҳониддини Марғинонӣ бозсозӣ ва маркази илмӣ-таҳқиқотӣ, китобхонаю осорхона таъсис дода шуданд. Сарвари давлатамон зарурати бештар омӯхтани осори бузургон ва ба ҷавонон расонидани ғояву андешаҳои онҳоро махсусан таъкид карданд.
— Кадом ёдгориҳои меъморӣ ва зиёратгоҳҳо Самарқандро машҳур кардаанд?
— Регистон, масҷиди Бибихонум, маҷмааи Шоҳи Зинда, мақбараи Амир Темур ва расадхонаи Улуғбек аз ёдгориҳои маъруфи Самарқанд мебошанд. Онҳо на танҳо намунаҳои нодири меъмории давраҳои гуногуни таърихӣ, балки нишондиҳандаи рушди илму фарҳанг мебошанд. Ғайр аз ин, аҳамияти таърихию маънавии қадамҷову зиёратгоҳҳо чун Ҳазрати Хизр, Ҳусниё пайғамбар, Ҳазрати Довуд, Хоҷа Дониёр ва Ҳазрати Ҷирҷис низ кам нестанд. Ин макону меросҳо шаҳрро ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангиву сайёҳии минтақа ва ҷаҳон табдил додаанд.
— Дар Самарқанд боз хокҷои алломаҳои дигар аниқ карда шудаанд?
— Бале, ин гуна бузургоне, ки зиндагӣ ва ё ҳаёту фаъолияташон дар Самарқанд гузаштааст ва ё дар ҳамин ҷо мадфун шудаанд, бисёранд. Яке аз онҳо Имом Абулҳасан Растиғфонӣ мебошад. Ӯ аз шогирдони маъруфи Имом Мотуридӣ буда, дар рушди таълимоти мотуридия саҳми арзанда гузоштааст. Имом Алии Суғдӣ ҳам аз ҳамин зумра аст ва вай яке аз фақеҳони асри XI буд. Ӯ дар замони Қарохониён дар Самарқанд фаъолияти илмӣ анҷом додааст. Мақбараи ӯ дар деҳаи Кумушкенти ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд ҷойгир аст. Дар асари Абутоҳирхоҷа «Самария» низ аз оромгоҳи Имом Алии Суғдӣ, ки дар Кумушкент воқеъ аст, ёд шудааст…
— Чӣ гуна бояд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ мероси хаттӣ ва илмии Самарқандро ҳифз карда, барои муҳаққиқони ҷаҳон дастрас намоем?
— Рақамикунонии дастхату ҳуҷҷатҳои таърихӣ яке аз роҳҳои муосири ҳифзи онҳо мебошад. Барои ин, аввал бояд осори мавҷударо муайян ва рӯйхати онҳоро тартиб дод. Сипас, нусхаҳои рақамии босифати дастхату ҳуҷҷатҳо омода гарданд. То қадри имкон, матнҳо бояд бо тарҷума ва шарҳҳои илмӣ пешниҳод шаванд. Ин ҷараён ҳамкории китобхона, бойгониву донишгоҳҳо ва мутахассисони технологияҳои рақамиро талаб мекунад.

Мусоҳибон Б.ҶУМЪАЕВ ва Ҷ.САЛОМАТУЛЛОЕВ