Ovozi.uz

Ӯзбекистон аз рӯйи хариди тилло дар ҷаҳон мақоми сеюмро касб кард

Тибқи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC), Бонки марказии Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2026 ҳафт тонна тилло харидорӣ кардааст.

Дар ин давра аз ҳама бештар тиллоро кишварҳои зерин харидорӣ кардаанд:

Полша — 25 тонна;
Хитой — 23 тонна;
Ӯзбекистон — 7 тонна.

Бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон дар моҳи сентябр дар маҷмуъ 61 тонна тиллои холис харидорӣ кардаанд. Ин баландтарин нишондиҳандаи моҳона дар соли 2026 ба шумор меравад.

Ҳамчунин, дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии хариди софи тилло аз ҷониби бонкҳои марказӣ ба 228 тонна расидааст.