Ислоҳот
Шумо огоҳед, ки 21 октябри соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҷорӣ намудани алифбои ӯзбекӣ дар асоси хатти лотинӣ» таҳти рақами 1184 қабул шуд.
Имрӯз мавқеи забони давлатӣ на танҳо бо мақоми расмӣ, балки бо он ҳам муайян мешавад, ки дар таълим, илм, коргузорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, васоити ахбори омма ва ҳамкориҳои байналмилалӣ то чӣ андоза васеъ истифода мешавад. Аз ин нуқтаи назар, такмили алифбо ва қоидаҳои имло яке аз самтҳои муҳими сиёсати забонӣ ба шумор меравад.
Қонун ба такмили алифбои ӯзбекӣ дар асоси хатти лотинӣ, баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ ва васеъ кардани имкониятҳои истифодаи он дар технологияҳои ахбории замонавӣ равона шудааст.
Ғояи асосии қонун — такмили низоми хатти забони ӯзбекӣ, фароҳам овардани қулайӣ ҳангоми истифодаи он ва васеъ кардани имкониятҳои он дар муҳити рақамӣ мебошад.
Таркиби алифбо чунин муайян карда шуд:
28 ҳарф;
1 аломати қатъ (ʼ).
Намоёнтарин навгонии қонун — ифодаи чор ҳарфи алифбои кунунии лотинӣ бо шакли нав мебошад. Инҳо: O‘ o‘ → Ö ö, G‘ g‘ → Ğ ğ, Sh sh → Ş ş, Ch ch → Ç ç.
Мазмуни амалии ин тағйирот дар инҳо зоҳир мешавад:
Якум, ба ҷои омезиши ҳарфҳо ҳарфҳои ҷудогонаро истифода мебаранд. Дар хатти амалкунанда омезишҳои аз ду аломат иборат, ба монанди «Sh» ва «Ch», дар алифбои нав бо як ҳарф ифода карда мешаванд. Ин барои баланд бардоштани мустақилияти ҳарфҳои алифбо ва мухтасар шудани низоми хат хидмат мекунад.
Дуюм, таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангии хат қувват мегирад. Интизор меравад, ки бо истифодаи як ҳарф ба ҷои ду аломат барои ифодаи як овоз ҳангоми навиштан ва хондани матн қулайиҳои муайян фароҳам оянд.
Сеюм, имкониятҳои кор дар муҳити электронӣ васеъ мешаванд. Ҳангоми навиштани матн, ҷустуҷӯи электронӣ, мураттаб кардани маълумот ва мутобиқ намудани воситаҳои барномавӣ имконияти истифодаи алифбои нав дар асоси стандарти ягона пайдо мешавад.
Яке аз мақсадҳои асосии қонун — васеъ кардани имкониятҳои истифодаи забони давлатӣ дар муҳити рақамӣ мебошад.
Илова бар ин, барои нуфузи байналмилалии забони ӯзбекӣ низоми ягона ва ҳамоҳанги хат барои онҳое, ки забони ӯзбекиро дар хориҷа меомӯзанд, барои тарҷумонҳо, тадқиқотчиён ва шарикони байналмилалӣ низ хеле муҳим аст.
Такмили алифбо ба омода ва паҳн кардани матнҳо ба забони ӯзбекӣ ва эҷоди захираҳои рақамӣ бо истифода аз стандарти умумӣ кумак мекунад.
Ин, дар навбати худ, ба густариши васеътари маводи илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ ба забони ӯзбекӣ дар арсаи байналмилалӣ хидмат мекунад.
Агар сухан дар бораи сарнавишти ҳуҷҷатҳои кӯҳна, пулҳо ва дигар аломатҳои расмӣ равад, моддаи 2‑юми қонун яке аз муҳимтарин кафолатҳоро барои аҳолӣ ва ташкилотҳо муқаррар мекунад. Тибқи он, мавҷуд будани шаклҳои кӯҳнаи ҳарфҳо дар ҳуҷҷатҳое, ки то қувваи қонун пайдо кардани қонуни нав дар алифбои амалкунанда ба расмият дароварда шудаанд, ба эътибори онҳо монеъ намешавад. Асъори миллӣ ва коғазҳои қиматнок низ дар муомилот мемонанд.
Инҳо дар мисолҳои зерин дида мешаванд:
1) Ҳуҷҷатҳои расмии қаблан додашуда: ҳуҷҷат бо сабаби шакли кӯҳнаи ҳарфҳои он эътибори худро аз даст намедиҳад.
2) Асъори миллӣ: барои гузаштан ба хати нав иваз кардани коғазпулҳо ҳатмӣ нест.
3) Коғазҳои қиматнок: эътибор ва муомилоти онҳо давом меёбад.
4) Рамзҳо ва атрибутҳои ташкилотҳо: истифодаи аломатҳое, ки дар онҳо ҳарфҳои кӯҳна сабт шудаанд, бо тартиби муайяншуда имконпазир мегардад.
5) Навиштаҳо дар бино ва иншоот: фавран иваз карда шудани тасвирҳои барҷастаи гербӣ давлатӣ, лавҳа ва нишондиҳандаҳое, ки номҳои объектҳои ҷуғрофӣ навишта шудаанд, ҳатмӣ нест.
Масалан, агар дар дипломи қаблан гирифтаи шаҳрванд, шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷати расмии ӯ ҳарфҳои алифбои кӯҳна мавҷуд бошанд, танҳо бо ҳамин сабаб зарурати нав кардани он пайдо намешавад. Албатта, агар барои иваз кардани ҳуҷҷат асосҳои дигари қонунӣ мавҷуд бошанд, онҳо бо тартиби алоҳида баррасӣ мешаванд.
Пас, мақсади қонун бекор кардани ҳуҷҷатҳои кӯҳна нест, балки фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои гузариши муназзам ва бидуни хароҷоти зиёдатӣ ба хати нав мебошад.
Хулоса, қонунро ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқие дарк кардан мумкин аст, ки ба мутобиқ намудани алифбои забони ӯзбекӣ дар асоси хатти лотинӣ ба талаботи замонавӣ равона шудааст.
Мақсади қонун танҳо иваз кардани чор ҳарф нест. Он ба такмили хатти ӯзбекӣ, васеъ намудани имкониятҳои забони давлатӣ дар муҳити рақамӣ ва ташаккули меъёри ягона дар истифодаи алифбо нигаронида шудааст. Ноил шудан ба ин ҳадафҳо бошад, ба амалӣ намудани пайгиронаи талаботи қонун, азхуд кардани хати нав аз ҷониби аҳолӣ ва омодагии ҷиддии ташкилотҳои дахлдор вобаста аст.
Шералӣ ТЕМИРОВ, мушовири ҳокими вилоят
