Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон ба 26 ёдгории бостонӣ зарар расонида шудааст

Дар ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ оид ба ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар Ӯзбекистон муайян гардид, ки ба 26 ёдгории бостонӣ зарар расонида шудааст. Дар ин бора хидмати матбуоти Сарпрокуратура хабар медиҳад.

Тавре зикр мегардад, мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо Агентии мероси фарҳангӣ ҷиҳати эмин нигоҳ доштани ёдгориҳои таърихӣ ва таъмини ҳифзи онҳо санҷишҳои мунтазам мегузаронанд.

Дар рафти чорабиниҳои навбатии назоратӣ ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии ҳудуди як қатор объектҳои бостонӣ ошкор карда шуданд.

Аз ҷумла, дар ҳудуди ёдгории бостонии «Далварзин», ки дар асрҳои XII–VII то милод тааллуқ дошта, дар вилояти Андиҷон ҷойгир аст, боғи мева, заминҳои кишоварзӣ ва сехи истеҳсоли блокҳои бетонӣ ташкил карда шудааст. Дар натиҷа ба объекти таърихӣ зарари калон расонида шудааст.

Дар вилояти Самарқанд бошад, 195 метри мукааб қисми ёдгории бостонии «Таллигулонтеппа» бо ёрии воситаҳои техникии вазнин дар муддати кӯтоҳ хароб карда шудааст.

Ҳамчунин, дар саросари ҷумҳурӣ дар минтақаҳои муҳофизатии 48 ёдгории таърихӣ ба таври ғайриқонунӣ сохта шудани хонаҳои истиқоматӣ ва ҳатто ҳоҷатхонаҳо ошкор гардидааст. Аз ҷумла, дар минтақаи муҳофизатии ёдгории «Сариқтеппа» дар шаҳри Шаҳрисабз дар натиҷаи беамалии шахсони масъул худсарона се хонаи истиқоматӣ бунёд карда шудаанд.

Дар анҷоми санҷишҳо аз рӯи қонуншиканиҳои ошкоршуда ҳашт парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба идораву ташкилотҳои дахлдор 68 пешниҳод ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, 20 нафар шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Бо мақсади тақвияти чораҳои ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар ҳудуди ёдгориҳо қариб 300 аломати муҳофизатӣ низ насб карда шуданд.