Аз истеҳсолот то содирот
Имрӯз дар масоҳати 147,8 гектари минтақаҳои хурди саноатии вилоят 343 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад. Лоиҳаҳои мазкури соҳибкорӣ дар 64 минтақаи хурди саноатӣ татбиқ мегарданд. Аз аввали сол ба соҳибкорон барои роҳандозии корхонаҳои нави истеҳсолӣ боз 39,4 гектар замин ҷудо карда шуд. Арзиши умумии лоиҳаҳо 2,7 триллион сӯмро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи онҳо беш аз 6 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Қисме аз лоиҳаҳо бо арзиши умумии 1,3 триллион сӯм аллакай амалӣ ва ба фаъолият оғоз карда, беш аз 3 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намудаанд. Ҳамчунин, 151 лоиҳаи дигар дар марҳалаи сохтмон ва насби таҷҳизот қарор доранд.
Рушди минтақаҳои саноатӣ ба нишондиҳандаҳои содиротии вилоят таъсири мусбат мерасонад. Дар нӯҳ моҳи соли равон корхонаҳои ин минтақаҳо ба маблағи 1,07 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол намуда, нақшаро 13,6 дарсад барзиёд иҷро кардаанд. Ҳаҷми содирот аз 11,5 миллион доллари ИМА зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки минтақаҳои хурди саноатӣ на танҳо барои таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ замина мегузоранд, балки ба воситаи муҳими афзоиши содироти вилоят низ табдил меёбанд.
Дар ҷамъбасти соли гузашта низ нишондиҳандаҳои мусбат ба назар мерасанд. Соли 2025 корхонаҳои минтақаҳои хурди саноатӣ ба маблағи 1,3 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол намуда, ба маблағи 18,5 миллион доллари ИМА содирот кардаанд. Дар ҳамин давра 19 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо арзиши умумии 78,3 миллиард сӯм мавриди истифода қарор гирифта, 201 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Имсол низ корҳо дар самти афзоиши иқтидори саноатӣ ва содиротии вилоят идома доранд. То охири сол ба истифода додани боз 21 лоиҳа бо арзиши умумии 87,4 миллиард сӯм, таъсиси 203 ҷойи нави корӣ, ҷойгир намудани 58 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши 145 миллиард сӯм ва тавассути музояда ба фурӯш баровардани 30,7 гектар қитъаи замин дар назар аст. Ҳамзамон, нақшаи истеҳсоли маҳсулот 1,4 триллион сӯм ва ҳаҷми пешбинишудаи содирот 21 миллион доллари ИМА муқаррар гардидааст.
Татбиқи ин нақшаҳо имкон медиҳад, ки на танҳо иқтидори саноатии вилоят афзоиш, балки мавқеи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар бозорҳои хориҷӣ низ таҳким ёбанд. Шумораи корхонаҳое, ки имкони ба роҳ мондани истеҳсолоти муосирро пайдо мекунанд, ҳар қадар зиёд гарданд, ҳамон қадар имкониятҳои диверсификатсияи содирот, азхуд намудани самтҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби шарикони хориҷӣ васеъ мешаванд.
Як шарти муҳими татбиқи ин нақшаҳо рушди инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ мебошад. Зеро барои фаъолияти соҳибкоре, ки ба содироти маҳсулот нигаронида шудааст, таъминоти устувори неруи барқ, дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ ва дигар шабакаҳои зарурии коммуникатсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Аз ин омилҳо фаъолияти мунтазаму бефосилаи раванди истеҳсолот, сифати маҳсулот ва иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ дар назди харидорони хориҷӣ сахт вобастаанд.
Дар доираи барномаи соли 2026 барои таъмини инфрасохтори панҷ минтақаи хурди саноатӣ дар маҷмӯъ 6 миллиарду 920 миллион сӯм маблағ пешбинӣ гардидааст. Аз ин маблағ 5 миллиарду 320 миллион сӯм аз ҳисоби маблағҳои фонд ва 1 миллиарду 600 миллион сӯм аз буҷети маҳаллӣ ҷудо мегардад.
Дар баробари ин, механизмҳои ба соҳибкорон ҷудо намудани қитъаҳои замин низ такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 сентябри соли 2025 таҳти рақами 559, тартиби тавассути музоядаҳои онлайнӣ ба фурӯш баровардани қитъаҳои замини холии воқеъ дар ҳудуди минтақаҳои хурди саноатӣ ва минтақаҳои саноатию соҳибкории ҷавонон муқаррар гардидааст.
Тибқи тартиби нав, қитъаҳои замин мутобиқи сарнақшаҳои минтақаҳои саноатӣ тавассути платформаи электронии «E-auksion» ба соҳибкорон пешниҳод карда мешаванд. Дирексияи ягонаи раёсати минтақаҳои хурд ва навтаъсиси саноатӣ ҳангоми ба музояда гузоштани қитъаҳои замин ҳамчун фармоишгар баромад мекунад. Пешниҳодҳо оид ба қитъаҳои заминро ҳамроҳ бо созишномаҳои сармоягузорӣ ба низоми иттилоотии «Yerelektron» ворид карда, баъдан лотҳо ба музоядаи электронӣ гузошта мешаванд.
Ин маънои онро дорад, ки механизми гирифтани қитъаи замин барои соҳибкорон боз ҳам шаффоф ва фаҳмотар мегардад. Онҳо метавонанд дар платформа лоти мувофиқро интихоб намуда, масоҳат, ҷойгиршавӣ, нархи ибтидоӣ, таъиноти мақсаднок ва шартҳои сармоягузории онро омӯзанд, ба қайд гирифта шаванд ва дар музояда иштирок кунанд. Соҳибкор пас аз ғолиб омадан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонад мутобиқи уҳдадориҳои сармоягузории ба зимма гирифтааш ба татбиқи лоиҳа шурӯъ намояд.
Яке аз имкониятҳои қобили таваҷҷуҳи дар қарори мазкур пешбинишуда пешниҳоди қитъаҳои замин бо нархи 1 сӯм мебошад. Аз 5‑уми сентябри соли 2025 ин механизм нисбат ба қитъаҳои замини холии минтақаҳои саноатию соҳибкории ҷавонон татбиқ мегардад, ки дар ҳудудҳои дурдаст ва биёбонӣ ҷойгир ва ба рӯйхати тасдиқшуда ворид шудаанд. Ин тадбир ба ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ба минтақаҳои нисбатан камрушдёфта ва барои ҷавонон фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Ба ибораи дигар, имрӯз барои соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолот, гирифтани қитъаҳои замин, пайваст шудан ба шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкониятҳои нав пешниҳод карда мешаванд. Ин ҳама барои истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ворид шудан ба бозорҳои нави хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ислом БЕРДИЁРОВ, мудири раёсати минтақаҳои саноатии вилоят
