Дар шаҳри Самарқанд дар ҷойи бинои беморхонаи пештара, ки бо номи «Хавоси» маъруф буд, муассисаи бисёрсоҳаи тиббии замонавӣ, ки дорои 800 кат мебошад, сохта мешавад.
Корҳои сохтмонии ин лоиҳаи бузург, ки бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, дар ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Sojitz Corporation»-и Япония ва ширкати «Renesans International»-и Туркия ба роҳ монда мешаванд.
Ҷараёни омодагӣ ба татбиқи лоиҳа дар мулоқоти ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо сардиректори «Sojitz Corporation» Мачида Ясахиде мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба омода намудани майдони сохтмон, оғози корҳои сохтмонӣ ва ҳалли масъалаҳои ташкиливу дигар ҷанбаҳои лоиҳа табодули назар карданд.
Дар анҷоми мулоқот барои бартараф намудани муаммоҳои мавҷуд ва суръат бахшидани корҳо масъулон муайян гардиданд. Лоиҳа дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин ҷо бо ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаи тиб ва омода намудани кадрҳо низ пешбинӣ шудааст.
Дар Самарқанд маҷмааи тиббии замонавии дорои 800 кат бунёд мешавад
