Дар майдони Кӯксаройи шаҳри Самарқанд бахшида ба 18 ноябр — Рӯзи қабули Байрақи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шиори «Як Ватан, як халқ, як байрақ!» чорабинии идона баргузор гардид.
Дар зери парчами бошукӯҳе, ки дар майдон парафшон буд, саҳнаи махсус ороста шуда, 35‑солагии қабули Байрақи давлатӣ бо рӯҳияи баланди идона таҷлил гардид.
Нахуст, Мадҳияи давлатӣ садо дод. Сипас, ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев, журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Фармон Тошев ва дигарон дар бораи муқаддас будани байрақ, нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, нақши он дар мустаҳкам намудани ҳисси ифтихору ғурури миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ сухан гуфтанд.
Дар чорабинӣ, инчунин иштирокдорони «Ҳафтаинаи маърифат», ки дар саросари кишвар таҳти шиори «Ӯзбекистон — аз они худи мост!» баргузор мегардад, ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ шоирону ҳунармандон дар васфи Ватан шеърҳо хонда, сурудҳо сароиданд ва ба ҳозирин рӯҳияи идона бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Агентии корҳои ҷавонони Ӯзбекистон флешмоб баргузор гардид. Дар он фаъолони агентӣ байрақҳои давлатӣ дар даст ва зери садои мусиқии оркестри ҳарбӣ сайёҳони хориҷиро самимона истиқбол гирифтанд.
Ғайр аз ин, зимни чорабиниҳои «Эстафетаи байрақ» дар майдони Регистон байрақи давлатии 60‑метра ба таври васеъ густурда шуд. Сипас, ҳамроҳи «Авто-корвони ватанпарвар», ки мошинҳои он бо парчамҳо оро дода шуда буданд, аз назди мақбараи Амир Темур, хиёбони Донишгоҳ ва майдони Кӯксарой раҳпаймоии тантанавӣ баргузор намуданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ Байрақи давлатӣ тавассути ноҳияҳои Ҷомбой ва Булунғур бо маросими тантанавӣ ба намояндагони вилояти Ҷиззах супурда шуд.
