Ovozi.uz

Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ бояд ҳамқадами замон шуд

Кишоварзӣ

Марди деҳқон, ки ҳамеша бо замин сарукор дорад, зиндагии худро бе он тасаввур карда наметавонад. Вақте дар саҳро машғули кишту парвариши зироат аст, хастагиро эҳсос намекунад. Зеро меҳри замин ва шавқи меҳнат ба ӯ нерӯ мебахшад. Ҷисму ҷони чунин инсонҳо дар арсаи заҳмати деҳқонӣ обутоб ёфта, ирода ва матонаташон қавӣ мегардад. Илҳом Маҷидов аз зумраи ҳамин гуна деҳқонони асил аст.

Инак, беш аз 25 сол аст, ки И. Маҷидов сарварии Хоҷагии фермерии ба номи падари бузургвораш — «Маҷидов» Халил»-ро ба уҳда дошта, бо таҷрибаи бой, заҳмати пайваста ва ташаббусҳои манфиатовар фаъолияти онро пеш мебарад.

Замини кишти хоҷагӣ дар ҳудуди маҳаллаи Шӯрбоичаи ноҳияи Самарқанд ҷойгир буда, масоҳати умумии он 29 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ дорои самтҳои гуногуни истеҳсолӣ буда, дар он 25 нафар аъзо кор мекунанд. Онҳо дар қитъаҳои замин навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзиро парвариш менамоянд.

Соли равон аз 5 гектар замини ғаллазор ба ҳисоби миёна 45‑сентнерӣ ҳосил гирифта, ба давлат супориданд. Ҳамчунин, дар 10 гектар карам шинонида, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳосилнокии он аз ҳар гектар 350–400‑сентнериро ташкил дод. Аз ҳосили бадастоварда, қариб 70 тонна ба хориҷи кишвар содир карда шуд. Қисми боқимондаро дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда, дар таъмини фаровонии дастархони мардум саҳми арзанда гузоштанд.

Ҳосили картошка, сабзӣ, помидор ва қаланфури булғорӣ низ хуб шуд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ, муносибати масъулиятнок ва таҷрибаи чандинсолаи деҳқонони хоҷагӣ мебошад.

Самти дигари фаъолияти хоҷагиро токпарварӣ ташкил медиҳад. Дар ихтиёри он 4 гектар токзор мавҷуд аст. Қисми асосии токзорро ангури навъи тоифӣ ташкил дода, дар қитъаҳои боқимонда навъҳои ангури саноатбоб парвариш карда мешаванд. Аз ҳосили токзор имсол низ тақрибан 45 тонна ангурро ба хориҷи кишвар экспорт намуданд.

Яке аз омилҳои муҳими рушди кишоварзӣ таъминоти саривақтӣ бо об мебошад. Хушбахтона, дар маҳалла шароити обёрии заминҳои кишт нисбатан хуб аст ва аъзои хоҷагӣ дар ин самт мушкилоти ҷиддӣ надоранд. Илова бар ин, хоҷагӣ дорои чоҳи обкашӣ мебошад. Ҳангоми ба ҷӯйи Шавдор омадани об, тавассути насос онро ба заминҳои кишт равона карда, зироатҳоро обёрӣ мекунанд.

Ҳоло аъзои хоҷагӣ кишти зироати тирамоҳиро ба охир расонданд. Онҳо тухми сабзӣ, кабудӣ ва исмалоқ коштанд, ки ҳосилнокиашон хуб аст.

Бо вуҷуди натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ва сари вақт пардохт намудани андози замин, маблағи нерӯи барқ ва музди меҳнати кормандон, сарвари хоҷагӣ аз дастовардҳои имрӯза қаноатманд нест. Ӯ мисли дигар деҳқонони кордону ташаббускор, пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва афзун гардондани даромади хоҷагӣ мебошад. — Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ бояд ҳамқадами замон бошем ва аз технологияҳои муосир самаранок истифода барем, — гуфт Илҳом Маҷидов. — Ният дорем, ки дар оянда обёрии заминҳоро бо усули қатрагӣ амалӣ кунем. Ин усул имкон медиҳад, ки об сарфакорона истифода шуда, ҳосилнокии зироатҳо баланд шавад. Маҳсулоти дар гармхона парваришёфта ҳамеша бозоргир аст. Талаботи бозорро ба назар гирифта, ҳамон зироатеро парвариш намоем, ки харидор дорад. Аз ин рӯ, нақша дорем дар масоҳати тақрибан як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд намоем. Бо тақозои фаъолият, бояд шумораи техникаи кишоварзии хоҷагиро зиёд намоем. Инчунин, ният дорем барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ яхдон бунёд кунем, ки ҳосилро дар мавсими мусоиди фурӯш ба бозор барорем, то ки даромади хоҷагӣ зиёд шавад.

Б.ҶУМЪАЕВ