Ovozi.uz

Масъулияти касбӣ ва меъёрҳои ахлоқии намояндагони медиа баррасӣ шуданд

Дар Хонаи матбуоти вилоят муҳокимаи лоиҳаи «Кодекси одобу ахлоқи журналистони Ӯзбекистон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҷеъ ба мазмуну моҳияти лоиҳа, тамоюлҳои касбӣ ва ахлоқии дар он муқарраршуда, инчунин меъёрҳои этикаи касбӣ андешаву мулоҳизаҳо баён карда шуданд.

Роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон А.Ҳайдаров ба масъалаҳои паҳн намудани ахбори холисона дар фаъолияти журналистӣ ва муносибати масъулиятнок ба манбаъҳои иттилоот таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Зимни муҳокимаҳо роҷеъ ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои журналистон дар ҷараёни фаъолияти касбӣ, пешгирии фишору таъқиб нисбат ба онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озоди эҷодӣ пешниҳодҳо баён гардиданд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои масъулияти журналист ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ, таъмини эътимоднокӣ ва шаффофияти маводи омодашуда, риояи ҳуқуқи муаллиф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.