Хонандагони мактаби байналмилалии «Oxford»-и шаҳри Самарқанд дар марҳилаи ниҳоии олимпиадаи маъруфи ҷаҳонии World Scholar’s Cup (Ҷоми олимони ҷавони ҷаҳон) иштирок карданд.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқа — Tournament of Champions дар Донишгоҳи бонуфузи Yale, ки дар шаҳри Ню-Ҳейвени иёлати Коннектикути ИМА влёоқеъ аст, баргузор гардид.
Дар таърихи мактабҳои вилояти Самарқанд бори аввал ҳайати хонандагон ба марҳилаи ниҳоии чунин олимпиадаи байналмилалӣ роҳ ёфт.
— World Scholar’s Cup олимпиадаи байналмилалии академӣ буда, ҳамасола дар он беш аз 50 ҳазор хонанда аз саросари ҷаҳон иштирок мекунанд, — мегӯяд Файёзҷон Ғайбуллоев, роҳбари барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии мактаби «Oxford». — Ба марҳилаи ниҳоии он хонандагоне даъват мешаванд, ки аз байни иштирокчиёни тақрибан 70 кишвар интихоб шудаанд. Олимпиада аз се марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал — минтақавӣ дар Тошканд баргузор шуд. Дар он аз мактаби мо 69 хонанда иштирок карда, 66 нафари онҳо ба марҳилаи баъдӣ роҳхат гирифтанд. Марҳилаи дуюм — Global Round дар Донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид. Дар он 35 хонандаи мо рақобат карда, 24 нафарашон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи сеюм — финал 18 хонандаи мактаб иштирок намуданд.
Натиҷаҳо аз интизориҳо ҳам баландтар буданд:
Дар гурӯҳи синну соли калон: 8 медали тилло ва 26 медали нуқра;
Дар гурӯҳи синну соли хурд: 9 медали тилло ва 16 медали нуқра.
Дар маҷмӯъ, хонандагон 18 медали тилло ва 42 медали нуқра, ҷамъ 60 медал ба даст оварданд.
