Ovozi.uz

Донишомӯзони Самарқанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби медал шуданд

Дар шаҳри Тошканд, дар мактаби ихтисосонидашудаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, маросими қадрдонии ғолибони олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, устодони онҳо ва роҳбарони дастаҳо баргузор гардид.

Дар ин маросим дастовардҳои донишомӯзони вилояти Самарқандро, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ дар соли таҳсили 2025–2026 натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, низ эътироф карданд. Аз ҷумла:
Ашрафҷон Равшанов — дар олимпиадаи байналмилалии информатика ва математика ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ (KHMIO) соҳиби медали тилло ва дар олимпиадаи математикии Қафқоз (CMO) барандаи медали нуқра гардид;
Марҷона Ибадуллаева — дар олимпиадаи байналмилалии забони олмонӣ (IDO) медали тилло ба даст овард;
Умирзоқ Очило́в — дар олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ (IOAI) соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Хонандагоне, ки натиҷаҳои баланд ба даст оварданд, инчунин устодони онҳо тибқи тартиби муқарраршуда бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол барои қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз буҷети давлатӣ 17 миллиарду 11 миллион сӯм ҷудо карда шудааст.