Ovozi.uz

Меҳри падаронаи Сарвари кишвар

Субҳи имрӯз номаи Президентамонро, ки ба набераи азизаш Шавкатбек навиштааст, ба духтари хурдсолам Ҳадича, ки шашсола асту ба боғча меравад, хонда додам.

Ӯ бо нигоҳи пурмаъно хомӯшона гӯш кард. Охир, кӯдак аст, баъд пурсид: «Инро бобои Президент навиштаанд?!». Гуфтам: «Бале» ва акси Сарвари давлатро, ки ҳангоми навиштани ҳамин нома дар дохили ҳавопаймо гирифта шудааст, ба ӯ нишон додам. Ҳамчунин илова кардам, ки Президентамон ҳамаи кӯдакони кишварамонро дӯст медорад. Аз чашмони духтарам баръало эҳсос мешуд, ки суханони падаронаи Сарвари кишвар, ки лаҳзае пеш шунид, дар дилаш меҳру муҳаббат, ҳисси пуштибонӣ ва неруи тоза бедор кардаанд.

Бале, номае, ки ба Шавкатбек навишта шудааст, дар асл ба миллионҳо кӯдаку наврас ва ҷавононе равона гардидааст, ки дар кишвари мо ба камол мерасанд. Тавре ки Сарвари давлатамон дар он таъкид кардааст: «Андешаҳои ман суханони самимии ҳар як бобову падар, ҳар як бибиву модари кишвари мо мебошанд, ки ба фарзандони азизи худ бахшидаанд». Бешубҳа, ҳар як писару духтаре, ки ин номаро мехонад ё мешунавад, барои расидан ба мақсадҳои бузург рӯҳбаланд мегардад, ба неру, дониш ва иродаи худ бештар бовар мекунад ва барои расидан ба қуллаҳои нав илҳом мегирад.

Аз ин рӯ, ба назари ман, зарур аст, ки ҳар як падару модар ва тарбиятгарони муассисаҳои таълимии кишварамон мазмуну моҳияти ин номаро дар хона, боғча ва мактаб ба кӯдакону хонандагон бихонанд ва меҳри падаронаи Сарвари давлатамонро ба дили онҳо расонанд.

Зеро меҳру муҳаббат, пуштибонии кӯҳосо ва панду насиҳатҳои падаронае, ки Президентамон тавассути ин нома баён кардааст, бешубҳа, барои ошкор шудани истеъдоду қобилият ва бедор гардидани боварии кӯдакону ҷавонони мо ба худ замина мегузорад. Ҳамчунин, ин нома чароғи роҳнамои онҳо дар роҳи расидан ба тамоми орзуҳои неки халқамон, боз ҳам баланд бардоштани обрӯю эътибори Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ва бунёди ояндаи дурахшон мегардад.

Х. Салимов,
хабарнигори Yuz.uz