Аз 25-уми ноябри соли 2026, соати 10:00 қабули аризаҳо барои гирифтани субсидияҳои ипотекӣ оғоз гардид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати иқтисод ва молия, қабули аризаҳо дар доираи нишондиҳандаҳои мақсадноки пардохти субсидияҳои ипотекӣ сурат мегирад. Манбаи маблағгузорӣ бақияи огоҳиномаҳои қаблан додашуда мебошад, ки дар муҳлати муқарраршуда истифода нашудаанд.
Барои гирифтани субсидия довталабон бояд аз рӯи натиҷаи баҳодиҳӣ дар асоси меъёрҳои иҷтимоӣ на камтар аз 30 хол ба даст оранд. Ҳамзамон, таърихи қарзии онҳо бояд ба талаботи дохилии ҳадди ақал яке аз бонкҳои тиҷоратии иштирокчии барнома мувофиқат кунад.
Барои ин бояд ба номи довталаб ва ҳамсари ӯ дар ҳудуди ҷумҳурӣ манзили истиқоматӣ бо ҳуқуқи моликият ба қайд гирифта нашуда бошад ва даромади миёнаи моҳонаи онҳо ба меъёрҳои иҷтимоии муқарраршуда мувофиқат кунад.
Аризаҳоро бо роҳҳои зерин пешниҳод кардан мумкин аст:
— бо муроҷиати бевосита ба марказҳои хизматрасонии давлатӣ;
— тавассути барномаи мобилии myGov;
— тавассути Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ.
Муҳим: Ҳангоми пешниҳоди ариза ва гузаштани марҳилаи баҳодиҳӣ, довталаб бояд тавассути панели идоракунии маълумоти шахсӣ дар низоми OneID ба бонкҳои тиҷоратии иштирокчии барнома барои санҷидани таърихи қарзии худ иҷозат диҳад.
Ҳамчунин, нисбат ба гирифтани таърихи қарзӣ набояд маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шуда бошад. Дар акси ҳол, бонкҳо имкони санҷидани таърихи қарзиро надоранд ва ариза метавонад рад карда шавад.
Кормандони сохторҳои ҳарбӣ метавонанд аризаҳои худро танҳо тавассути муроҷиати бевосита ба марказҳои хизматрасонии давлатӣ пешниҳод намоянд.
Дар барномаи додани қарзҳои ипотекӣ бо субсидия 15 бонки тиҷоратӣ иштирок мекунанд:
БТС «Агробанк»;
БТС «Алоқабанк»;
ҶС «Асакабанк»;
БТС «Asia Alliance Bank»;
БТС «Бонки рушди соҳибкорӣ»;
БТС «Ҳамкорбанк»;
БТИС«Ипак Йӯли»;
«Ипотекабанк» OTP Group;
БТС «Микрокредитбанк»;
БТСХ «Orient Finans»;
БХС «Трастбанк»;
БТС «Туронбанк»;
БТС «Халқ банки»;
ҶС «Ӯзмиллийбанк»
БТС «Ӯзсаноатқурилишбанк».
