Ovozi.uz

Занони алиментсупор ҳам кам нестанд…

Оила муқаддаст аст. Бо вуҷуди ин, баъзе зану шавҳарони ҷавон бо низоъҳои оилавӣ, ки аз майда-­чуйдаҳои ноарзандаи зиндагонӣ иборатанад, аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Агар дар даври хонадорӣ онҳо соҳиби як-ду фарзанд шуда бошанд, ба сари кӯдакони бечора азоби азиме меафтад. Онҳо аз меҳру муҳаббати модар ё падар маҳрум мегарданд, ки ҷои онҳоро ҳеч чиз пӯшонида наметавонад. Илова бар ин, дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ шавҳар ё зан ба супурдани идрорпулӣ — алимент маҷбур мешаванд.
Дар нишасти матбуотие, ки парерӯз бо иштироки сарвари Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ Суръат Шӯҳратович Ҷабборов доир гардид, ин масъала маҳаки асосии анҷуман қарор гирифт.
— Дар соли 2024 аз ҷониби шӯъбаҳои минтақавии Бюро ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомот корҳои муайян анҷом дода шуданд, — гуфт дар оғози баромадаш Суръат Ҷабборов. — Аз ҷумла, дар даври ҳисоботӣ барои аз рӯи 1 миллиону 217 ҳазор ҳуҷҷат рӯёнидани 11,5 триллион сӯм чораҳои ҳатмии иҷро амалӣ шуда, иҷрои 785575 ҳуҷҷат 8,5 триллион сӯмина таъмин карда шуд. Аз рӯи 524 ҳазору 650‑тои онҳо ба маблағи 2,9 триллион сӯмина қарздориҳо ситонида шуданд.
Сарвари садорат инчунин, дар бораи боҷи давлатӣ, рӯёндани қарздориҳои андоз, бонк, соҳаҳои таъминоти газу барқ, компанияҳои сервисӣ, корхонаи таъминоти гармидиҳӣ, ситонидани ҷуброн (компенсатсия), музди меҳнат ва ғайра низ маълумот дод.
Аз баромади ӯ аён гардид, ки аз ҷониби шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ соли гузашта ба садорат ва шӯъбаҳои он 27883 муроҷиат ворид гардидааст. Аз онҳо муаммоҳои 27330 муроҷиатчиён ҳал ва ба боқимондаҳояш маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва 14‑тоаш рад карда шудаанд.
Дар рафти саволу ҷавоб маълум гардид, ки дар давоми соли гузашта барои рӯёнида додани алимент ба шахсони мӯҳтоҷи ёрии моддии фарзандони ба воя нарасидаашон аз рӯи 39933 ҳуҷҷат бештар аз 145,2 миллиард сӯмина қарздориҳои алиментӣ ситонида дода шудаанд. Дар натиҷаи корҳои профилактикӣ ва бо ҳамкории ҳафтгонаи маҳаллаҳо 11254 оиларо оштӣ дода, ба ҳаёти осоиштагии онҳо ноил гардидаанд. Инчунин, бо дастгириии идораҳои мутасаддӣ шуғли 2550 нафар алиментсупорҳои бекор таъмин карда шудаанд.
Ҳангоми мулоқот маълум шуд, ки дар байни алиментсупорҳо занон ҳам кам набудаанд. Онҳо тарбияи фарзандро ба зиммаи падар партофта, барои кор ба хориҷа рафтаанд, алоҳида зиндагӣ карданро авло дидаанд ва ё бо шавҳари нави худ ҳаёт ба сар мебурдаанд. Ин гуна занҳо дар вилоят 380 нафарро ташкил медодаанд.

Б.ҶУМЪАЕВ.