Ovozi.uz

Ихтироъҳое, ки олимро ба олам шиносонд

Баъди дар шаҳри Москва бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ, роҳбари илмии олими ҷавон аз хоҳиши ӯ андак дар тааҷҷуб монд. Вай ба шогирдаш дар яке аз мактабҳои олии ин шаҳр кор карда, давом додани ҷустуҷӯйҳои илмии худро пешниҳод намуд. Вале шогирд пас аз арзи сипос дар донишгоҳи зодгоҳаш идома додани фаъолияташро гуфта, хоҳиши «мумкин бошад, ду асбобро ба ман диҳед, то ки дар ҳамон ҷо тадқиқотҳоямро давом диҳам»-ро ба миён гузошт. Азми қатъии ӯро дида устод розӣ шуд.
Дар Самарқанд олими ҷавон Неъмат Низомов бо мудири кафедраи оптика А.Отахоҷаев вохӯрд. Вай Неъмат Низомовро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ табрик намуда, аз асбобҳои овардааш хурсанд шуд.
Бо ташаббуси Н.Низомов дар лабораторияи мазкур, ба асбобҳои замонавӣ ғайр аз кормандони факултети физика профессору омӯзгорони дигар муассисаҳои таълими олӣ низ таҷрибаҳои худро мегузаронданд, бар асоси шартномаи хоҷагӣ тадқиқотҳои худро иҷро мекарданд. Салоҳияти илмии кафедра ва факултет ба зудӣ диққату эътибори олимони физики вилоятҳои дигарро низ ба худ кашид. Дар ин маркази илм даҳҳо аспирант ва тадқиқотчиёни муассисаҳои таълими олии Сирдарё, Тошканд, Бухоро, Тирмиз ва ғайра такмили ихтисос намуда, бо маслиҳатҳои илмӣ-услубии Н.Низомов мавзӯи худро такмил медоданд.
Неъмат Низомов ҷавонони боистеъдодро ба аспирантура қабул мекард. Натиҷаҳои ба даст оварда дар маҷаллаҳои марказӣ чоп мешуданд. Ҳамин тавр, шогирдон аз паси навиштани рисолаҳои илмӣ мешуданд.
Шукри беҳад, ки пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии мо аз фанни физика шӯроҳои илмӣ ташкил шуданд ва довталабон дар диёри худ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя мекарданд.
Неъмат Низомов 28‑уми январи соли 1985 мушкилиҳои бисёри ба сараш афтодаро паси сар намуда, рисолаи доктории худро сарбаландона ҳимоя кард.
Коркардҳое, ки бо сарварии профессор Н.Низомов дар лабораторияи люминессенсияи Самарқанд бори аввал мушоҳида гардидаанд, дар мактабҳои илмии дигари дунё низ инкишоф ёфта, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карда мешаванд. Аз ҷумла, ду ихтироъи зеринро ба тариқи мисол овардан мумкин.
Дозиметри плёнканок
Ҳамон солҳо дар собиқ иттифоқ хирмани ғаллаву дон хуб нашуд. Бинобар ин, аз давлатҳои хориҷӣ ғалла харида бо поезд, киштӣ ва самолёт мекашонданд. Ҳамроҳи ин ғаллаву дон омадани вирусҳои зарарноки гуногун низ маълум шуд. Барои аз вирусҳо тоза кардани ғалла десинфексияи ба худ хос кардан лозим буд. Рӯзе ҳангоми кор дар лаборатория ба вай банохост аз Москва яке аз мутахассисони пешбари ҳамин соҳа занг зад:
— Имрӯз аз ташкилоти болоӣ супориш гирифтем, ки онро зуд бояд иҷро кард. Ин вазифаро бар асоси коркардҳои шумо иҷро кардан мумкин аст, — гуфт ӯ. — Яъне ба ғаллаву донҳо бо гамма нурҳо таъсир расонда, сипас ба истеъмолчиён фиристодан мувофиқи мақсад мебошад. Он ба сохти ғаллаву дон камтар таъсир карда, бояд вирусҳоро батамом нест кунад.
Н.Низомов то чӣ андоза муҳим будани масъаларо дарк намуда, мавҷуд будани роҳи тез, осон ва арзон ҳал намудани ин масъаларо ба воситаи телефон гуфт.
Н.Низомов ба Москва омада, бо ёрии мутахассисони идораи мазкур чанд дозиметри плёнканокро ҳосил намуданд. Дар ҳамкорӣ озмоишҳои заруриро гузаронданд ва пагоҳии рӯзи саввум «Супориш иҷро шуд» гуфта, хабар доданд.
Идораи патенти собиқ иттифоқ барои дозиметри плёнканок ба Неъмат Низомов гувоҳномаи муаллифӣ ва унвону нишони «Ихтироъчӣ»-ро супурд.
— Кай ва дар куҷо набошам, ғаллаву дон ва маҳсулоти онҳоро бинам ё ки тановул кунам, мамнун мешавам, ки ба набудани вирусҳои зарарнок дар ин хӯроквориҳо, хурд бошад ҳам, ҳиссаи ман ҳамроҳ шудааст, — гуфт профессор Неъмат Низомов.
Дозиметри плёнканоки мазкур сипас ба хизматчиёну коргароне, ки дар бартараф намудани фоҷиаи Чернобил иштирок кардаанд, даркор шуд.
Муайян намудани госсипол дар таркиби равғани пахта
Госсипол моддаи заҳрноке аст, ки соли 1878 дар таркиби равғани пахта будани он муайян шудааст. Ба олимон дар соли 1886 бори аввал муяссар гардидааст, ки госсиполи дар таркиби равғани пахта бударо ҷудо карда гиранд. Сипас, усулҳои нави аз таркиби равғани пахта ҷудо карда гирифтани госсипол кашф шуд. Дар оғози асри ХХ барои бо усули беҳтарин муайян намудани госсиполи дар таркиби равған буда, 48 соат вақт ва лабораторияи замонавӣ лозим будааст.
Ҳангоми иштирок дар анҷуманҳо ва сӯҳбатҳои дигар гувоҳи баҳсҳо дар бораи долзарбии ба таври одӣ ва зуд муайян намудани госсиполи дар таркиби равғани пахта буда шудаам, — ба хотир овард Н.Низомов. — Натиҷаҳои гирифтаамро таҳлил карда, амиқ ҳис намудам, ки ин масъаларо ҳал кардан мумкин аст. Чанд тадқиқот ва ҷустуҷӯи тақрибӣ гузаронда, пас аз гирифтани натиҷаи мусбат усули ҳалли одӣ ва зуди ин муамморо ба тариқи лоиҳа ба Кумитаи фан ва техникаи Ӯзбекистон фиристодам. Кумита долзарбии масъаларо ба ҳисоб гирифта, аз 100 бал 95 бал дод ва гранти давлатӣ пешниҳод кард.
Ҳамин тавр, бо роҳбарии профессор Н.Низомов индикаторе, ки госсиполи таркиби равғани пахтаро ба таври экспресс (зуд) муайян мекунад, ихтироъ карда шуд ва ба он патент доданд. Ҳоло бар асоси ин усул асбоби одии хурдакаке сохтаанд, ки бо ёрии он миқдори госсиполи таркиби равғани пахта саҳеҳ ва зуд чен карда мешавад. Ин асбоб дар байни мутахассисони соҳа мароқи калон бедор кард. Аз ҷумла, Вазорати ҳифзи саломатӣ оиди бехавфии маҳсулоти хӯрокворӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ семинар гузаронд. Н.Низомов бо шогирди худ Элдор Курталиев дар он маърӯза кард. Ҳозирин маърӯзаро бо эътибори калон шуниданд, саволу ҷавоб шуд. Аз номи вазорат ба ҳар ду олими самарқандӣ миннатдорӣ баён намуда, ба аҳамияти тадқиқоти мазкур баҳои баланд доданд. Мутахассисони хориҷӣ таъкид намуданд, ки ин асбоб на танҳо барои Ӯзбекистон, балки ба кишварҳое, ки пахта мекоранд, низ зарур аст.
Маркази байналмиллалии тарҷумаиҳолӣ (биографикӣ, Англия, Кембриҷ) ихтироъҳои Неъмат Низомовро эътироф карда, ӯро соли 2021 ба рӯйхати садгонаи беҳтарини муҳандисон ва дар соли 2013 ба рӯйхати «муҳандисони пешсаф»-и ҷаҳон дохил намуд.
Ин далелҳо, аввало ба корҳои илмие, ки дар Самарқанд иҷро карда мешаванд, баҳои баланд дода, онро эътироф намудани олимони хориҷӣ мебошад.
Профессор Н.Низомов дар асоси натиҷаҳои илмие, ки дар лабораторияи мазкур гирифта шудаанд, дар як қатор анҷуманҳои байналмилалии илмӣ, аз ҷумла семинари НАТО бо маърӯзаҳо баромад кард. Бо иштироки фаъолонаи олим дар Самарқанд беш аз 30 анҷумани илмии байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд гузаронда шуданд.
Профессори шоистаи ДДС Н.Низомов ҳамин тавр дар арсаи байналмилалӣ низ шинохта шудааст. Соли 2012 ӯро ба китоби даҳоҳои асри XXI дохил намуданд. Вай соли 2014 ғолиби номинатсияи «Одами сол» шудааст.
Н.Низомов, ки имрӯзҳо ба синни 85 солагӣ кадам мегузорад, ҳамон дар роҳи илм ва эҷод монда нашуда, заҳмат мекашад.
Барои сазовори чунин дастовардҳо шудан муҳити оилавӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Агарчи, вақти бисёри Н.Низомов ба ҷустуҷӯйҳои илмӣ, сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ сарф мешавад, вале бо ҳамсараш Моҳира Асадова тавонистанд оилаи намунавие ташкил намуда, ба се писару як духтари худ муносиби анъанаҳои баланди миллӣ ва дунёвӣ тарбияву таълими хуб диҳанд ва Парвардигор насиб кард, ки онҳо ба зиёрати ҳаҷ раванд. Ҳоло набераву абераҳои ин хонадон дар ҳамин руҳия ба воя ва ба анъанаҳои авлодӣ содиқ монда, дар соҳаҳои худ, ба муваффақиятҳои назаррас мерасанд.

Элдор КУРТАЛИЕВ, профессор
Тошқул АЗИМОВ, рӯзноманигор