Дар Самарқанд бори аввал дар Осиёи Марказӣ Форуми хизматҳои давлатии Созмони Милали Муттаҳид (UN Publiс Service Forum 2025) баргузор гардид. Дар он вазирон, намояндагони СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ, сектори хусусӣ ва олимон аз Аврупо, Осиё, Америкаи Лотинӣ ва Африқо иштирок намуданд.
Чорабинӣ ба мавзӯи «Панҷ сол то соли 2030: суръат додан ба пешниҳоди хизматҳои давлатӣ барои ояндаи барқарор» бахшида шуд.
Форум роҷеъ ба баррасии қадамҳои оянда барои расидан ба мақсадҳои рушди барқарор, ки дар барномаи СММ то соли 2030 қайд гардидааст, майдони хуб шуд. Дар он маҷлисҳои пленарӣ, баррасии масъалаҳо аз рӯи мавзӯъ, муколамаҳои стратегӣ ва тақдимоти таҷрибаҳои пешқадам баргузор гардиданд.
Дар оғози форум роҳбари Администратсияи Президент С.Мирзиёева табрики Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни форум хонда дод. Инчунин, ёвари Саркотиб роҷеъ ба рушди иқтисодии Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Навид Ханиф ва ҷонишини сарвазири Малайзия Фадилла Юсуф ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти форуми мазкур ҳарф заданд.
Вазири рушди технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсияҳо Шерзод Шерматов дар баромади худ қайд кард, ки дар доираи ислоҳот дар мамлакатамон эко-маҷмӯаи замонавии рақамӣ сохта шуд. Дар платформаи байниидоравии интегратсионии «Ҳукумати рақамӣ» аз 49 ташкилоти давлатӣ зиёда аз 390 веб-сервисҳо амал мекунанд. Ба онҳо ҳар рӯз беш аз 216 маҷмӯҳои ахборӣ ворид мешаванд.
Дар давоми форум як қатор вохӯриҳо низ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, вохӯрии Саида Мирзиёева бо Навид Ханиф ба Форуми глобалии роҷеъ ба хизмати давлатӣ, ки бори аввал дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад, бахшида шуд. Зимни суҳбат дар доираи самараи ислоҳотҳо, ҷараёни рақамигардонӣ ва стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» ба меҳмонони хориҷӣ маълумот доданд. Инчунин, васеъ намудани имкониятҳо барои бонувон ва иштироки мутахассисони ӯзбекистонӣ дар лоиҳаҳои СММ баррасӣ гардид. Масъалаи экология низ дар маркази эътибор шуд — роҷеъ ба ташкил кардани Академияи байналмилалии иқлим ва барқарорсозии ҳудуди Арал табодули афкор намуданд.
Ғайр аз ин, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар доираи форум бо вазири Шветсия роҷеъ ба масъалаҳои муҳоҷират Ёҳан Форсселл вохӯрӣ баргузор кард.
Дар он вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират табодили афкор ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуд. Роҳбари вилоят доир ба ташкили қонунӣ, бехатар ва самараноки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ андешаҳои худро баён намуда, роҷеъ ба корҳое, ки дар вилояти мо дар ин самт амалӣ мегарданд, маълумот дод.
— Агар ин форуми хидматрасонии давлатӣ барои кишварҳои мухталиф як таҷрубаи беназир мешавад гӯем, хато намешавад. Ва ин барои кишварҳо имкони иваз кардани таҷриба ва омӯхтани якдигарро медиҳад. Ман фикр мекунам, ки сабаби асосии рушди кишвар ба роҳандозии хадамоти хуби давлатӣ аз ҷониби ин ҳукумат вобаста аст. Мо бо ҳукумати Ӯзбекистон барои боз ҳам васеъ намудани соҳаи хизмати давлатӣ ва такмили он ҳамкорӣ менамоем. Илова бар ин, дар самти рақамикунонии хизматрасонии маишӣ корҳои зиёде анҷом дода, дар баъзе ҷиҳатҳо комёбиҳо ба даст оварда шудаанд. Масалан, шаҳодатномаи таваллуд, осон кардани сабти ном барои аҳолӣ, вақти зиёд сарф накардан барои гирифтани ҳуҷҷатҳо мисоли ин аст, — гуфт Тойво Клаар, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон.
Форум рӯзҳои 23–25‑уми июн баргузор гардида, дар он як қатор масъалаҳои муҳими вобаста ба хизматҳои давлатӣ дар маркази эътибори иштирокчиён қарор гирифт.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ
