Ovozi.uz

Илмат ба амал чу ёр гардад…

16-уми октябр — зодрӯзи журналист ва нависандаи шинохта Тоғаймурод Шомуродов

Устод Тоғаймурод Шомуродов 16‑уми октябри соли 1945 дар маҳаллаи Ҷағалбойлии ноҳияи Пастдарғам таваллуд шудааст. Солҳо чун котиби масъули рӯзномаи «Ҳақиқати Пастдарғам», мухбир, муҳаррири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррир ва мураббӣ-­мухбири рӯзномаи «Зарафшон» фаъолият пеш бурд.

Бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудааст. Муаллифи китобҳои «Ҳузури ҷон», «Одаме, ки аз занаш наметарсад», «Фарзанди замин», «Рӯзе, ки осмон фурӯ рафт» ва «Чашмҳои ҳузнангез» аст.

Устодро бо ҷашни 80‑солагӣ муборакбод намуда, саломатӣ ва умри пурбаракот орзумандем.

«Овозиён»

ТУФЛӢ

Ҳаҷвия

— Муборак шавад! — Назир ба туфлии наппа-нави дар пойҳои ҳамкасби худ Олимтой буда ишора кард, ки ба хона даромада буд.

— Ташаккур дӯсти азиз, дирӯз харидам. Мустаҳкам ва зебо будааст… аз они хориҷа.

— Нархаш ҳам «зебо» будагист, — хандид Назир.

— Ҳа, ба худаш муносиб, ҳоло чизи арзон намонд, базӯр ба панҷсад ҳазор сӯм фароварда гирифтам, — Олимтой таъриф кард. — Вале ҳамсарам «кай савдоро ёд мегиред», гуфта хуб гап зад. Маҳ, ба худат ягон чиз мегирӣ, гуфта 200 ҳазор сӯм додаму бо илоҷе овозашро бастам.

Қамар, ки аз коғаз сар набардошта кор мекард, гапи онҳоро шунида, ручкаро «таққӣ» карда, ба рӯи миз партофт ва ба пои Олимтой чашм давонд.

— Ҳа, диди ту бад не, дар ҳақиқат ҳам зебо будааст, ҷӯра. — Вай зимнан ба Назир чашмак зад.

— Албатта! — Назир вайро дастгирӣ кард. — Ман ресторанеро медонам, ки ба қарибӣ кушода шуд. Таомҳояш хеле зӯр. Нӯшокиҳои хориҷӣ дорад, маза мекунед.

— Мумкин қимат бошад, — гуфт Олимтой андешамандона. Вай намехост, ки ҳамкасбонаш аз болояш зиқна гуфта ханданд.

— Чӣ, қимат бошад, нархи асп ё ки шутур мешуд? — суст наомад Қамар.

Ресторан дар ҳақиқат шинам будааст. Ҷавонон хеле хушнуд шуданд.

Пас аз нӯшидани ду-се қадаҳ нӯшокӣ қулфи дили Олимтой кушода шуд ва ҳимматаш гирифта, коняку пиво низ фармуд.

— Ҳамин корро бекор карди-дия, бе ҳамон ҳам кайф карда нишастаем, — гуфт Назир. — Бо арақ омехта шавад, расво мегардад.

— Ие, чӣ, мо нозанинҳои нозук ҳастем, ки худро гум мекунем? — гуфт Қамар. — Олимтой, биё дӯстам, аз пешонаат бӯсам, ту ҷавонмарди зур-дия.

Баъди гузаштани хеле вақт улфатҳояш Олимтойро, ки хобаш бурда буд, аз мошин кашола карда фароварданду ба хонааш дароварда монданд.

— Вой ман намурам, ин чӣ хел шармандагӣ? — Хайрия костуми гиребонаш яктараф рафтаи шавҳарашро кашида, бо амале ба ҷояш хобонд.

Олимтой ҳеч гоҳ дар назди бачаҳояш чунин ноҳинҷор нашуда буд. Пагоҳӣ аз нигоҳ кардан ба чашми онҳо шарм дошта, нонуштаро ҳам нахӯрда, ба кор рафтани шуд. Сараш аз дард гӯё «торс» мекафид. Калавида, туфлиашро пӯшиданӣ шуд, ки як пояш нест. Кофту наёфт.

— Занак, як пои туфлиро надидӣ?..

— Шумо медонед, ман аз куҷо донам? Балки ҳамроҳи арақ онро низ нӯшидаед? — бо пичинг гуфт Хайрия, ки чой дам мекард. — Илоҳо хонаи арақро бароварда сӯзад-э!

Олимтой туфлии кӯҳнаашро пӯшида ба кор рафт.

«Аф-сӯс, туфлӣ!» Вай раҳораҳ ба ресторан даромад.

— Ие, ассалому алейкум ака, биёед, дирӯз нишаст хуб шуд? — ҷавони пешхизмат бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. — Ака, саратон дард мекунад? Ҳоло «садто» нӯшед, калла ба ҷояш меояд.

— Не, наменӯшам! — гуфт Олимтой сурх шуда. — Дирӯз мабодо як пои туфлиамро афтонда намондаам?

— Эъ, ҳа, ҳозир, — пешхизмат аз дарун як пои туфлиро баровард. — Дирӯз кайфатон саҳл баланд буд, шариконатон ҳангоми кашола карда, ба мошин шинондан, афтида мондааст, ҳамин-мӣ?

— Ҳа, ташаккур, — Олимтой туфлиро гирифт.

Вай аз кор андаке мамнун баргашт:

— Занак, моли ҳалол гум намешудааст. Мана, як пои туфлии гумшуда, дирӯз дар назди ресторан афтода будааст!

— Вой, дадеш, ҷаҳлам наомада, ман мурам, — гуфт Хайрия чапак зада. — Акнун як пойи туфлӣ чиба даркор гуфта, дар танӯр сӯхтам…

— Чӣ? — дасту пои Олимтой суст шуда, ба як пой туфлии дар дасташ буда, бо ҳайрат нигоҳ карда монд.

Аз забони ӯзбекӣ тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ