Ovozi.uz

Витамини C — сипари муҳофизати табиӣ

Организми мо барои тақвияти масуният ба витамини C ниёз дорад.

Вақте ки аксари одамон дар бораи ин витамин мешунаванд, фавран ба хотир афлесун меояд. Аммо чизи ҷолиб ин аст, ки афлесун танҳо як манбаи оддии витамини C аст.

Дар асл, бештарин витамини C-ро аз қаламфури булғорӣ гирифтан мумкин аст!

Биёед муқоиса кунем:

➖ Афлесун — 60 мг витамини C;

➖ Ананас — 79 мг;

Клубника — 80 мг;

➖ Манго — 122 мг;

➖ Киви — 128 мг;

➖ Брокколи — 81 мг;

➖ Қаламфури булғорӣ — аз 95 то 340 мг!

Пас, қаламфури булғорӣ қариб 6 маротиба бештар аз афлесун витамини C дорад!

Аз ин рӯ, агар шумо хоҳед, ки масуниятро ба таври табиӣ афзоиш диҳед — қаламфури булғориро ба парҳези худ илова кунед.