Дар ноҳияи Пайариқ як фермер 12 рӯз аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора, хизмати матбуоти суди вилоят хабар дод.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои маъмурӣ раиси хоҷагии «Муҳаммад-Ойбек» Ойбек Тувалови 54 сола охирҳои моҳи декабри соли 2023 ба гурӯҳи телеграми “Фермерҳои ноҳияи Пайариқ” паём ирсол карда, аз фаъолияти корхонаи ҶММ » Кластерҳои Пайариқ» шикоят кардааст.
Аз ҷумла, ӯ мегӯяд, ки дар назди ҶММ занозанӣ мешавад ва алайҳи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомад ва намоишҳо хабару паёмҳои видеоӣ низ ирсол кардааст. Инчунин, ӯ назди бинои филиали бонки «Агробанк»-и ноҳия фермеру коргаронро ҷамъ карда, дар ҳолати мастӣ намоиш ташкил кардааст.
Мувофиқи маълумотҳои суди ҷиноятии ноҳияи Пайариқ аз 4 -уми январ О.Тувалов дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии пешбининамудаи моддаи 201-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ (вайрон кардани тартиби ташкил ва баргузории маҷлисҳо, ҷамъомад, намоишҳо) гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 12 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
