Имрӯзҳо дар саросари кишвар ба муносибати 32-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳонаи ватанпарварӣ идома дорад.
Имрӯз дар доираи моҳона дар Маркази бозомӯзии мутахассисони ҷавони шаҳри Самарқанд таҳти шиори “Армияи Ӯзбекистони Нав – қудрати мамлакат, тимсоли ғурур ва садоқати бузург” чорабинии маънавӣ-маърифатӣ гузаронида шуд.
Нахуст иштирокдорон бо шароитҳое, ки дар марказ барои таҳсилгирандагон фароҳам гардидааст, шинос шуданд. Ба ҳозирин дар бораи ислоҳоте, ки бобати мустаҳкамсозии нерӯ ва пойгоҳи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардад, маълумот дода шуд.
– Ватандӯстӣ аз ҳифзи падару модар, оила, хидмати фидокорона ба Ватан оғоз мешавад, — гуфт сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов. – Дар асл, ин сухане нест, ки танҳо дар ҷашну идҳо гуфта шавад. Мо бояд ҳангоми таълиму тарбияи ҷавонон дар тинати онҳо чунин ҳиссиёти бузургро бедор намоем. Бахусус, мақсад аз гузаронидани “Моҳонаи ватанпарварӣ” дар саросари мамлакат низ ҳамин аст.
Дар чорабинӣ кормнадони воситаҳои ахбори оммавии вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд ва Ҷиззах иштирок карданд.
АРМИЯИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ –ТИМСОЛИ ҒУРУР ВА САДОҚАТ
