Мусоҳиба бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов
— Эркинҷон ака, аввало дар бораи мафҳуми маънавият мухтасар ҳарф мезадед…
— Ман пеш аз ҳама аз сӯҳбати маро ба маҷаллаи бонуфуз муносиб донистанатон миннатдор ҳастам. Калимаи «мухтасар»-ро хеле бамаврид истифода бурдед. Чунки соатҳо сухан гӯем ҳам, эзоҳи мафҳуми маънавият тамом намешавад. Дар ин бора бисёр навиштаанд ва гуфтаанд. Вале ман олим нестам. Бинобар ин, мафҳуми мазкурро ба таври ҳаётӣ ифода кардан мехоҳам. Маънавият аз интизоми дохилӣ, илм, одоб ва фаросат иборат аст.
— Агар шумо дар ноҳия ё ки мактаби таълими умумӣ вазифаи тарғибгар маънавиятро иҷро кунед, кадом услуби корро роҳандозӣ мекардед? Умуман, ба фикри шумо вакили маънавият чӣ хел бояд бошад?
— Вақте ки мо дар мактаби миёна мехондем, ба ин кор роҳбарони синф, омӯзгорони адабиёт сарварӣ мекарданд. Дар чорабиниҳо бо иштиёқ иштирок мекардем. Шеърхонӣ, сурудхонӣ дар сафи хор, иштирокам дар саҳнаҳои драмавӣ ҳамон дар ёдам аст. Дар аксарияти ҳол ба воситаи қаҳрамонҳои бадеӣ дар мо — ҷавонон нисбати одамони нек ҳавас бедор мекарданд. Боз як чиз — ибрати шахсии муаллимон низ барои мо сабақи маънавӣ шудааст. Онҳо дар ободонии ҳудуди мактаб баробари мо иштирок мекарданд. Бинобар ин, аз пайҳон кардани гул ва ниҳолҳои атроф, шарм медоштем, пас аз дарсҳо бо ҳамсинфон синфхонаро тоза мекардем, дар таътили тобистона барои мактабамон хишт мерехтем.
Дарвоқеъ, раиси комиссияи тозагӣ моро аз сару либосамон сар карда, афту андом ва ҳатто нохунҳоямонро аз назорат мегузаронд.
То ҳадди имкон кӯшиш мекардем, ки аз муаллимонамон танбеҳ нашунавем. Рӯзи танбеҳ шунидаамон аз падару модаронамон шарм медоштем, кӯшиш мекардем, ки инро ба онҳо маълум накунем.
Имрӯз бошад… Чорабиниҳо танҳо бахшида ба санаҳо баргузор мегарданд. Муҳокимаи китобҳо ва филмҳои бадеӣ қариб ки нест.
Гуфтанӣ нестам, ки дар мактабҳо чорабиниҳои маънавӣ гузаронида намешаванд. Аммо таъсири тарбиявии онҳо кам эҳсос мегардад. Зеро, ба ин чорабиниҳо аксар вақт муаллимону донишомӯзони як тоифа ҷалб карда мешаванд. Аз ин рӯ, ман ҳамчун ҳоким аз роҳбарон, умуман зиёиёнамон даъват мекунам, ки ҳамеша ба мактабҳои худ бираванд, пеш аз ҳама, муаллимонро дастгирӣ кунанд, вохӯриҳои амалӣ гузаронанд. Ба андешаи ман, бачагонро ба чорабиниҳои маънавии мактаб аз оила омода кардан лозим аст. Мо бояд механизмеро ба вуҷуд оварем, ки падару модарон, бахусус, падарон ба ҳаёти мактаб бештар ҷалб карда шаванд. Ғайр аз ин, чорабиниҳои маънавиро на танҳо ба номаш, балки аз рӯи зарурат бояд гузаронем. Умуман, ман вазифаи асосии шахси ба тарғиби маънавият масъули мактабро дар он медонам, ки ӯ ба вазифаи худ таҳтидилона муносибат кунад, сарфи назар аз ҳар гуна гапу калочаҳо корашро далерона ва мунтазам пеш барад.
Обрӯву эътибор, ибрати шахсии тарғибгари маънавият дар мактаби таълими умумӣ 60 фоизи кори асосии ӯро ташкил медиҳад. Имрӯз вақти маърӯзахониҳо гузашт. Вақти он фаро расид, ки бачаҳоро ба ҳаёти аниқу воқеӣ бовар кунонда, ба онҳо фикр кардан ва андешиданро омӯзонем. Ба назар чунин мерасад, ки даври роҳандозии фаъолияти клубҳои баҳсу мунозира дар мактабҳо низ фаро расидааст. Зеро, ин талаби системаи нави таълим мебошад.
— «Халқи мо мероси бойи маънавӣ дорад!». Мо ин ибораро ҳама вақт истифода мебарем. Ин воқеан дуруст аст. Аммо ин мерос аз чӣ иборат аст ва мо имрӯз аз он чӣ гуна истифода мебарем? Оё шумо аз ин ҷараён қаноатмандед?
— Саволи бамаврид. Шахсан худам вақте ки ба ҷойҳо меравам, аз хурду калон, махсусан аз донишҷӯ ва хонандагон дар бораи мероси ниёгонамон мепурсам. Аксарияти мардуми мо дар бораи он танҳо фаҳмиши сатҳӣ доранду халос. Ҳатто зиёиёни калонсоли мо дар бораи мероси маънавии асил дар сатҳи зарурӣ дониш надоранд.
Ана, як мисоли оддӣ: дар Самарқанд Комилхон Каттаев ном матншиноси меҳнатдӯст ҳастанд. Дар ду соли охир ин олим мероси зиёда аз даҳ мутафаккири бузурги вилоятамонро омӯхт ва мо ин таҳқиқотҳоро дар шакли китоб нашр кардем. Ин маълумотҳо барои олимони калони мо низ навигарӣ шуд. Ё худ дар бораи Баҳодур Ялангтӯш драма навишта, дар театри худамон ба саҳна гузоштанд. Пеш аз ҳама худам бо аъзои оилаам рафта тамошо кардам. Зиёиёни тамоми вилоят ин намоишномаро тамошо карданд ва аксар аз корҳои бузурги бунёдкории ин шахсияти бузург, ки дар садаи XVI дар Самарқанд ҳукмронӣ кардааст, аз ҷумла, дар ҷои нав сохтани бозори Сиёб, бунёди мадрасаи Нодир Девонбегӣ, мадрасаҳои Шердор ва Тиллокорӣ бохабар шуданд. Воқеан, имрӯзҳо эҷодкорони ӯзбеккино дар бораи Баҳодур Ялангтӯш филми бадеӣ наворбардорӣ мекунанд.
Мероси ниёгонро албатта ҳар як мутахассис алоҳида омӯхта метавонад. Аммо ин тадқиқотҳо барои ҳамаи мо аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд. Зеро, дар тамоми мероси маънавӣ ғояи боэътиқоду боимон будан, ба илм талош кардан, ба сифатҳои баланди инсонӣ ноил шудан таҷассум ёфтааст.
Шоҳбайти Мир Алишер Навоӣ «Чун биёбад дигарон, гар ман наёбам хешро» дар ҳамон давр инсониятро ба талаботи ҷамъияти шаҳрвандӣ даъват кардааст. Ва агар Нодира ба воситаи байти «Нест пайдо соя гар девор нест» категорияи сабабу натиҷаро дар фалсафа ба тарзи бадеӣ ифода кардааст гӯям, хато намекунам.
— Баъзан ба гӯш мерасад, ки бо ниёгони худ фахр кардан ва бо ифтихор вирди забон овардани номи онҳо бархеро дилгир намудааст. Албатта, бо онҳо ифтихор кардан лозим, лекин ба онҳо авлоди муносиб шудан, ҳамон як масъалаи ҳалталаб аст…
— Росташро гӯям ман ин фикри Шуморо дастгирӣ намекунам. Дуруст, баъзе гузаштагонамонро хуб мешиносем ва онҳоро тез-тез ёдовар мешавем. Лекин, бисёрии онҳо бо гузашти замон фаромӯш шудаанд. Беҳуда номи Баҳодур Ялангтӯшро ба забон нагирифтам. Ба ин қатор Шайбонихонро ҳам илова кардан мумкин аст. Ҳарчанд номи бисёре аз бузургонамонро, ки дар таърих нақше гузоштаанд, шунидаем, аммо аз мероси онҳо хабар надорем, аз ин рӯ номи онҳоро кам такрор мекунем.
Ҳол он ки ин гуна бузургонамонро чӣ қадар хуб донем, қадди мо ҳамон қадар боло мешавад. Дар ин бора, як пешниҳод дорам: дар ҳар вилоят гурӯҳҳои эҷодӣ ташкил намуда, вобаста ба фаъолияти гузаштагонамон видеороликҳо омода карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани онро ба роҳ мондан лозим аст. То ки халқамон аз мероси гузаштагонамон хабардор шаванд.
Дар ин бора, мақоли «Бо фарзандат ифтихор намо, на бо падар»-ро мисол овардан мумкин аст. Чунки шумо баҳри камолоти фарзанд меҳнат мекунед, аз ин рӯ ҳақ доред, ки ифтихор намоед. Бо гузаштагон танҳо дар он вақт ифтихор карда метавонед, ки вориси муносиби онҳо бошед.
Алалхусус, дар мамлакатҳое чун Хитой, Япония, Индонезия ва Сингапур мардум ба таърихи хеш мисли таърихи оилаи худ ҷиддӣ муносибат мекунанд, ҳамаи онҳо таърихи ватану халқи худро хуб медонанд ва ҳар як шаҳрванд мунтазам аз осорхонаву ёдгориҳои меъмории ҳудуди худ дидан мекунад.
Бо ташаббуси Сарвари давлатамон омӯзиши таърихи ниёгони мо, ки дар таърихи халқи мо нақши муҳим бозидаанд, ҷиддан оғоз гардид. Дар бораи онҳо асарҳои бадеӣ навишта, филмҳо меофаранд. Дар рӯзҳои муайян осорхонаҳо ба аҳолӣ бепул хидмат мерасонанд. Умед дорам, ки ҳамаи ин дар дили ҳамватанонамон нисбати омӯзиши мероси гузаштагонамон шавқ пайдо намуда, масъулияти ба онҳо муносиб буданро ҳам меомӯзад.
Дар ин ҷода ба олимонамон пешниҳод мекунам, ки барои мактабҳои олӣ, мактабҳо, боғчаҳо, инчунин барои сокинони маҳаллаҳо оиди мероси ниёгонамон китобҳои соддаву фаҳмо ва ҷолиб омода созанд. Ғайр аз ин, дар бораи ҳар як аллома филми мухтасари ҳуҷҷатӣ тайёр карда, на танҳо дар телевизион, балки дар ҷойҳои ҷамоатӣ низ мунтазам намоиш додан зарур аст. Зеро фаҳмиши инсон аз марҳилаҳои шинохт, дарк ва татбиқи он иборат аст. Дар марҳилаи охирин аз тасаввур дида, моҳияти масъала нақши муҳим мебозад.
— Халқи мо Шуморо пеш аз ҳама чун роҳбари пухтакору яке аз ҳокимони ботаҷриба мешиносанд. Дунёи маънавии ҳоким, умуман роҳбарро чӣ гуна тасаввур мекунед?
— Роҳбарӣ ин касб нест ва на ба ҳама насиб мекунад. Ба ҳазор нафар як роҳбар, аммо дар бораи ана ҳамин тартибу тамоюлҳо, маърифату маданияти роҳбарӣ бисёр навишта шудааст. Ба ин асарҳои «Авесто», «Қобуснома» мисол шуда метавонанд. Дар асарҳои адибони бузургамон низ ба хислатҳое, ки барои роҳбарии халқ заруранд, эътибори калон дода мешавад. Аз ҷумла, Алишер Навоӣ дар асарҳои худ гуфтааст, ки «шахси масъул бояд дорои дониши амиқ, фаҳму фаросати пурзӯр бошад». Ё дар «Қобуснома» — «Ва шарти котибӣ он аст, ки мудом дар назди роҳбар ҳозир бошӣ ва собиқи кор(моҳияти кор) ёд дорӣ ва тезфаҳму нофаромӯшкор бошӣ ва таҳқиқкунанда бошӣ ва аз ҳама корҳо тазкира ҳамедорӣ аз он чӣ туро фармоянд ва аз он чӣ туро ва аз муомилоти ҳама омилон огоҳ бош ва ҷустуҷӯ кун ва аз ҳама гуна донистаҳо амал кун, агарчи дар вақт ба корат наёяд, бошад ки вақти дигар ба кор ояд. Валекин он сир бо кас магўй, магар вақте ки ногузир бувад» гуфта шудааст.
Ба имрӯз назар афканем, ҳамаи қонунҳои қабулшуда барои роҳбар озуқаи маънавӣ аст. Яъне, риояи қонунҳо маънавияти роҳбарро муайян мекунад. Президент Шавкат Мирзиёев қариб дар ҳар баромади худ масъалаи маданият, донишу иқтидор ва маънавияти ҳар як роҳбарро таъкид мекунад. Баъзан, амиқу равшан нишон медиҳад, ки мо дар ин бобат чӣ бояд кунем? Масалан, худи «Минбаъд ба кори роҳбар худи халқ баҳо медиҳад» — гуфтани ӯ, хоҳему нахоҳем моро водор месозад, ки ибрат нишон диҳем. Ё ин ки шиори «Халқ ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ ба халқ бояд хидмат кунанд» моҳияти фаъолияти моро амиқ муайян карда додааст.
Аз ин рӯ, роҳбаре, ки маънавияти воло надорад, ин талаботро низ иҷро карда наметавонад. Гап дар сари маънавиятро чӣ тавр тасаввур кардани ин ё он роҳбар не, балки бо дараҷаи ба талаботи замон ҷавоб дода тавонистани ӯ муайян карда мешавад. Бинобар ин, моҳияти аслии ислоҳотҳои имрӯзаи мо ҳамеша ба машварат бо халқ, омӯхтани фикри мардум, кор кардан аз рӯи баҳои халқ нигаронида шудааст.
Имрӯз ба мардум фаҳмонидан не, балки ба боварии онҳо сазовор шудан муҳим аст. Аз ин рӯ, дар ҷамъомадҳо ибораи «Одами намефаҳмида нест, роҳбароне ҳастанд, ки фаҳмонида наметавонанд»-ро зуд-зуд такрор мекунам.
— Имрӯз гӯё баъзеҳо мафҳуми ғурури миллиро аз кибр фарқ намекунанд. Барои инсон ифтихор аз худ ва ҳастии худ дар асл фазилат нест?
— Мисраъҳои «Макун шӯхӣ ба қалби одамизод, Ки дар он зинда миллат бо забон аст»-и Абдулло Орифов моҳияти аслии ифтихори миллиро мефаҳмонад. Ғайр аз ин, ҳар як инсон, новобаста аз миллат, ғурур дорад. Кибри мутакаббирон бо ғурур дахл надорад, онҳо дар паи шӯҳратпарастӣ мехоҳанд худро нишон диҳанд. Ҳеҷ гоҳ бо рехтани обрӯи миллати дигар, обрӯи миллати худро бардошта намешавад. Барои мо аз ҳама муҳим миллат, ифтихор кардани ҳар як сокини муқими Ӯзбекистон бо инсонҳои дар роҳи маърифат хизматнишондода мебошад. Ғурур бо ҳамият ва номус, фахр бо эътироф, кибр бо манманӣ вобаста аст.
Умуман, мо бо мардум чӣ қадар наздиктар шудан гирем, кибри диламон ҳамон қадар гум мешавад.
— Эркинҷонака, ба назар чунин мерасад, ки ба асарҳои илмиасоси феълу атвор, бурду бохти халқ, умуман минталитети миллӣ ифода (асари илмӣ, роман, кино ва ғайра) эҳтиёҷ вуҷуд дорад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
— Дар мавриди муносиб китоб мехонам. Хусусан китобҳоеро, ки дар бораи муҳити бароям шинос, дар бораи ҳаёти одамонро, бо завқ мехонам. Чунки, фикр мекунам, ҳаётро хубтар дарк мекунам. Ҳатто дар мутолиаи романҳои таърихӣ ҳам, дарки анъанаҳои миллии мо мушкил нест.
Дар асл миллӣ гуфта, яклухтии маънавии ҳаёти одамони як минтақаро мегӯянд. Шояд барои ҳамин бошад, мо «Маҳаллада дув-дув гап», «Тӯйҳо муборак», «Мафтунат ман», «Шодиёна», «Бачаи шум» барин филмҳоро бо завқ тамошо мекунем. Барои он, ки дар онҳо муҳити зисти худамон, анъанаҳои хоси мо акс ёфтаанд.
Сад афсӯс, ки дар филмҳо, ҳатто асарҳо (ғайр аз «Савори деви зард»)-е, ки барои бачаҳо офарида мешаванд, ин ҳолатро мушоҳида намекунем. Хусусан, дар филмҳо тасвири миллати дигар, ҳаёти дигар мушоҳида мешаванд. Ҳатто расмҳои ғайримиллии китобҳои дарсиро ҳам то ҳол оҳиста-оҳиста иваз мекунем. Дуруст, ҳаракати бузург карда мешавад. Бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар бораи алломаҳо, одамоне, ки дар рушди Ӯзбекистон ҳиссаи муносиб гузоштаанд, филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ ва китобҳо офарида мешаванд. Қиёфаи нави деҳаҳои моро нишон медиҳанд, лекин ин ҳанӯз басанда нест. Ба фикрам, филмҳоеро чун «Мӯйсафед ва набера», «Саҳроҳое, ки аз падарам мондаанд» бештар ба навор гирифтан лозим. Чунки ин гуна асарҳо одамонро ба мушоҳида водор месозанд, тасаввури миллии моро ғанӣ мекунанд. Нисбат ба қаҳрамонҳои асар ҳавас бедор менамоянд. Дар ин бора ҷомеа бисёр ҳарф мезанад, ки филмҳои мо зиёд шуданду қаҳрамонҳое, ки мо ибрат мегирем, образҳое, ки мо ҳавас мекунем вуҷуд надоранд.
— Корҳое ҳам содир мешаванд, ки ба ӯзбек, умуман феълу атвори халқамон бегона мебошанд. Инро дар ҳаёти маишӣ ҳам, дар ҳаёти беруна ҳам дидан мумкин аст. Рӯз то рӯз таҳдидҳо ба маънавият, қадрият ва анъанаҳо зиёд мешавад. Дар ин бора кадом корҳоро бояд амалӣ намуд?
— Дар асл ба ин саволи шумо дар боло қисман ҷавоб гуфтам. Ҳамин тавр бошад ҳам, хулосаамро мегӯям. Ҳамаи хислатҳои инсон модарзодӣ мебошанд. Маънои модарзодӣ ин аст, ки дар инстинкти зиндагии муҳити географии муайян ба дунё меояд. Боз ҳам фаҳмотар карда гӯям, хислати мардуми соҳилҳои дарёву океанҳо, чӯлу водӣ ё кӯҳӣ мутобиқи ҳамон макон мешавад. Феъли ӯзбек гуфта, мо ҳалолӣ, боварӣ, одамгарӣ, меҳмондӯстӣ барин фазилатҳоеро, ки мо худ дарк кардаем, мефаҳмем. Бинобар ин, ин фазилатҳо дар дигар миллатҳо ҳам вуҷуд доранд. Аз як чиз тарс дорам, ки мо нисбат ба менталитети миллӣ, яъне ҳаракатҳои ғайримуносиби феъли ӯзбек бефарқ мешавем. Вақти он расидааст, ки дар ин бора андешаи ҷиддӣ кунем. Дар Шарқ, хусусан дар Хитой, Ҷопон, Сингапур, Малайзия, Индонезия ва вақтҳои охир дар Ветнам ҳам ба вайронкунандагони анъанаҳои миллии некӯ чораҳои ҷиддӣ меандешанд.
Бояд чизи дигареро ҳам таъкид намуд, ки мубориза бар зидди иллатҳои маънавӣ осон намешавад. Мо бояд чораҳоеро андешем, ки дар маънавияти инсон, хусусан ҷавонон тағйирот ворид карда тавонанд, барои ин шароит фароҳам оварем, яъне усулҳои самараноки таъсири тарбиявиро бояд офарем.
— Якдилии халқ аз ҳама муҳим мебошад. Ҳамин тавр? Комилияти онро дар чиҳо мебинед? Имрӯз ҳамин комилият дар мо вуҷуд дорад ва қаноатбахш аст?
— Аз таърих маълум аст, ки халқ дар рӯзҳои пурмашаққат ва шодибахш якдилии худро нишон дода метавонад. Инро дар ҳаёти худ мебинем. Агарчӣ мушкил аст, вале халқ кӯшиш дорад, ки дар роҳи фаровонии ҳаёт муттаҳид шавад.
Мақсади мо — зиёиён якест. Он ҳам бошад, муттаҳид намудани миллат. Пинҳон намекунам, дар солҳои аввали истиқлол баъзеҳо озодиро аз дигарон бо тафовут зистан фаҳмиданд. Ҳатто бародарон, падару писарон хонаву дарро алоҳида карда гирифтанд. Дар ҳоле, ки истиқлол ин зиндагӣ бо тамоми дунё, баробар бо дигарон, соҳиби озодӣ, давлат, забон ва қонунҳои худ шудан аст. Мо берун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ зиста наметавонем. Танҳо дар ҳамин ҷомеа мо бояд мақоми устувори худро дошта бошем.
Эътибор кардаед, нақшаҳои стратегӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо, ки дар 6–7 соли охир қабул шуданд, танҳо ба як мақсад — ба рушди нуқтаи назару мақсади ҳамватанонамон, нерӯву тавоноии кишвар ва баланд бардоштани фаровонии рӯзгори онҳо нигаронида шудаанд. Ба ин гуна мақсад танҳо дар ҳамҷиҳатӣ ва ҳамокорӣ расидан мумкин аст.
Президент Шавкат Мирзиёев на танҳо барои муттаҳидии халқ, балки нахуст барои муттаҳид кардани ҳамсояҳои гирду атроф, инсонҳои неки, ки ба Ӯзбекистон муносибати самимӣ доранд ҳаракат мекунад ва дар ин роҳ корҳои бузург амалӣ мешаванд. Ба ин хотир, обрӯи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло меравад.
Тифоқӣ ва муттаҳидӣ мизонҳои асосии рушди маънавият маҳсуб меёбанд. Чунки танҳо одамони дорои фазилати ҳамида, дониш ва фаросат метавонанд ғаму шодӣ, ҳамаи дороии худро бо одамони мисли худ ба ҳам бинанд.
Мусоҳиб Шодмонқул САЛОМ
(Бознашр аз маҷаллаи «Маънавий ҳаёт», шумораи 4, соли 2023).
