Ovozi.uz

Катанес: «Ҳар як баҳси гурӯҳӣ муҳим, бахусус, якумаш. Ба сафи Сурия футболбозони хориҷӣ ҳамроҳ шуданд, боътибор шуданамон лозим”

Сармураббии дастаи миллии Ўзбекистон Сречко Катанес пеш аз бозӣ бар зидди Сурия дар доираи навбати 1-и Ҷоми Осиё фикрҳои худро баён кард.
-Дар баҳс бар зидди Сурия бозии худамонро нишон дода, ғалаба карданамон лозим. Барои нишон додани натиҷаи хуб ҳаракат мекунем.
Иштирок накардани Элдор Шомуродов? Ба чӣ дараҷа барои мо муҳим будани вайро хуб медонед. Ҳар кадом даста дар таркиби худ доштани Машарифов ва Шомуродов барин бозингаронро мехоҳад. Ҳаминро гуфта метавонам, ки мо бозии хубтаринамонро нишон медиҳем.
Ҳар як баҳси гурӯҳ барои мо бисёр муҳим аст, бахусус, нахустинаш. Мо аз футболбозони пешсаф ва ҷавононамон дастаи пурқувват ташкил карданамон шарт. Ба тамоми бозиҳо хуб тайёрӣ диданамон лозим.
Таркиби Сурия вақтҳои охир хеле дигаргун гаштааст. 3-4 легионер ҳамроҳ шуд. Бо ин ба дастаи дигархелтар табдил гардиданаш мумкин.
Ман бар зидди Сурия аввал ҳам ду вохӯрӣ гузарондаам – дастаи пурқуввати ҷанговар, бар зидди онҳо бозӣ кардан бисёр мушкил, тарафи беқувватии даста ҳам ҳаст, дар бораи онҳо маълумоти кофӣ дорем. Аксари футболбозони даста – хориҷианд, мо ба ҳамин эътибор доданамон лозим. Боварӣ дорем, ки фардо ғалаба мо ёр мешавад”- гуфт мутахассиси словениягӣ.
Вохӯрии Ӯзбекистон – Сурия фардо, 13-уми январ бо вақти Тошканд 22:30 дар Қатар сар мешавад.