Ovozi.uz

Андешаҳои Беҳбудӣ доир ба исрофкориҳо дар тӯю маросимҳо

Имрӯз — Зодрӯзи олими маърифатпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ

Яке аз мушкилоти ҷомеаи ибтидои садаи ХХ масъалаи харҷу исрофи зиёд дар тӯй, азо ва маросими мухталиф буд, ки дар аксари навиштаҳои маърифатпарварони мо ин мушкилоти рӯз мунъакис гардидаанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки бояд дар ҷомеа ҷашну маросимро ба танзим дароварда, харҷҳои зиёдатӣ барҳам дода шаванд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки чун яке аз равшангарони замон дар оғози садаи бист маъруф буд, дар боби ин масъала навиштаҳои зиёд дорад, ки дар сафҳаҳои маҷаллаи «Ойина» (1913–1915) нашр гардидаанд. Дар аксари навиштаҳояш мавсуф бо бозгӯии воқеияти иҷтимоӣ пардохтааст. Ӯ аз он ҳама харҷу исроф ва амалҳои зиёдатӣ дар ҷомеа ба ҳайрат омада, чунин мегӯяд:
«Ҳар чи қадар маблағе дар даст дорем, дар тӯю азо беҳуда харҷ менамоем. Бо қарз тӯй мекунем, …бой мешавем, …исроф менамоем».
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо таҳлили ҳаматарафаи авзои иҷтимоии ҷомеа ба хулосае меояд, ки сабаби аслии исрофкории зиёди мо дурӣ аз илму дониш ва бемаънавиятӣ аст. Чунки агар илм медоштем, ҳисобро низ мефаҳмидем, фоидаву зарарро дарк мекардем ва аз ин корҳо даст мекашидем.
«Тоҷирони мо аксарият аз ҳеҷ ҷой бехабар «таваккал» — гуён амал мекунанд, …аз надонистан дар майдони тиҷорат фиреб мехӯрем. Аз беилмӣ ва нодонӣ он ҳама мулкҳояшон аксарият аз даст мераванд ва мо меҳнаткашони сиёҳ шуда мемонем».
Дар мақолае бо номи «Бойи зӯракӣ» (Ойина, 1914, № 16, с. 270–273) Беҳбудӣ дар бораи урфу одати зиёдатӣ дар ҷомеа, дар бораи давутози як бойи бечора, ки барои тӯйи бодабдаба дар охир зери қарз монда ва бо қарзи калон бо аҳли оилааш дар ба дар мегардад, ёдовар шудааст. Беҳбудӣ ин ҳамаро аз беилмӣ медонад.
Дар боби харҷу исрофи зиёд дар маводи дигаре «Аъмоламон ё ин ки муродамон» («Ойина», 1913, № 6–7) Беҳбудӣ ба аламу дарди зиёд дар боби орзуву аъмоли инсонӣ ҳарф зада, мегӯяд, ки меҳнати шабурӯзӣ ва машаққат кашидан барои оянда аст. Бояд ҳар кас барои ояндаи дурахшон талошу ҷадал намояд. Бино ба гуфти Беҳбудӣ, бечора косиб шабу рӯз 18–20 соат кор мекунад, баҳри он ки писарашро тӯй намояд. Он ҳама подоши заҳмати бистсола дар се рӯзи тӯй тамом мешавад. Боз Аҳмади порина, ҳавлӣ ва хона гирад…  Ба ҳоли аксари бечораҳо, ки тӯйи калон карда, зан гирифтаанд, гиря кардан лозим. Азои тӯйи серӯзаро баъзе оилаҳо даҳ сол, ҳатто якумр мехонанд, балки ба беватанӣ ва хонавайронӣ сабаб мешаванд.
Беҳбудӣ чун равшангари машҳури давр наметавонист, аз инҳо чашм пӯшад ва бо алами зиёд аз он нигаронӣ менамояд:
«Имрӯз бархе барои додани қарзашон кӯрпаву либоси бечора келину домодро мефурӯшанд…Аҳли оила дар ба дар мешаванд. Ҳой, ин чӣ? Як навъи девонагӣ не-мӣ? Субҳоналлоҳ, қарз гирифтан, ба халқ ош додан беақлӣ нест-мӣ?».
Ба андешаи Беҳбудӣ, то ин ҳама тӯю маросим танзим нагарданд, рушду пешрафти ҷомеаро орзу намудан маънӣ надорад. Дар ин маврид Беҳбудӣ навиштаҳои зиёд дорад.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои қиёс аз расму ойини халқҳои дигар ёдовар мешавад, ки онҳо бештар тӯйҳояшонро шомгоҳон мегузаронанд, аммо мардуми мо «… барои тӯй шуда, ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо аз кор мемонанд». Дар натиҷа, чизи аз ҳама қимат, вақт аз даст меравад, ки ба ин касе парвое надорад. Оҳанги даъвату хитоб дар ин навишта зиёд аст.
Омӯзиши навиштаҳои равшангарон нишон дод, ки воқеан, онҳо барои танзими расму одат дар миёни ҷомеа саъю талоши зиёд карда, дар ин замина андешаҳои пешрави хешро баён намудаанд. Ба ибораи дигар, метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки осори равшангарон аслан ба некӯаҳволии оммаи кишвар, аз ғафлату ҷаҳолат ва нодонӣ раҳо сохтани онҳо нигаронида шуда буд. Бо эҷоди ин навиштаҳои пурдарду алам равшангарон бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор додаанд, ки беилмӣ, бемаърифатӣ ва ғафлатзадагӣ ба чӣ оварда мерасонад.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки равшангарони замон дар оғози асри бист бо дарки воқеияти иҷтимоӣ бештар талош карданд, ки иллату дардҳои ҷомеаро ба таври возеҳ инъикос намоянд. Таълифоти ҷолиби равшангарон, хусусан доир ба харҷу исрофи зиёд дар тӯю маросим далели он буда метавонад, ки онҳо бо умеди рушду пешрафти ҷомеа ба ин масъала дахолат намудаанд.

Имрӯз, дар ибтидои садаи ХХI ин андешаҳои пешрави равшангарон дар ҷомеаи мо амалӣ шуда истодаанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ барҳақ мефармояд, ки он «масъалаҳои рушди маънавию ахлоқии ҷомеа, ки маорифпарварон пеш гузошта буданд, имрӯз боз бештар аҳамият пайдо кардаанд».

Абдуқодири АБДУРАУФ, дотсент