Дар мактаби рақами 55‑и шаҳри Самарқанд вохӯрии шоира ва тарҷимон, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Ҳамида Каримова ва эҷодкор Эътибор Маҳмудова бо хонандагони синфи 4‑уми гурӯҳи русӣ барпо гардид.
Бачаҳо таҳти сарварии роҳбари синф Собира Мӯъминова, ки бахшида ба эҷодиёти шоир ва нависандаи ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ монтажи адабӣ тайёр карда буданд, ба диққати ҳозирон пешниҳод карданд.
Баъд сухан ба Ҳамида Каримова дода шуд. Шоираи кӯҳансол ба донишомӯзон дар бораи рӯзҳои душвори баъдиҷангӣ, ки бачагиаш ба ҳамон солҳо рост омадаанд, нақл кард. Илова намуд, ки ҳоло барои хондан шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанду бачаҳо ба дарсхонӣ аз паси панҷа менигаранд. Ҳол он ки вазифаи асосии онҳо хондан аст.
Хонандае савол дод:
— Шумо ин гуна дониши фарох доред ва забони русиро чӣ хел нағз ёд гирифтед?
— Ман дар мактаб муаллимаи забони русиамон Раиса Николаевна Петроваро хеле дӯст медоштам, — дар ҷавоб гуфт Ҳамида Каримова. — Ҳатто дар даври таътили тобистона ҳам ҳар рӯз ба мактаб давида мерафтам, ки муаллимаро аз дур бошад ҳам, ақаллан бо чашмонам бинам. Мактаб дар паси клуби роҳи оҳан воқеъ буд. Мо дар наздикӣ, дар паси автопарки рақами 15 зиндагӣ мекардем. Дар даври таътил ман ӯро хеле пазмон мешудам. Барои ба боварии ӯ даромадан ман китобҳои зиёдеро мехондам. Касе кӣ бисёр хонад, ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад ва фикрашро возеҳ баён мекунад.
Ва ӯ чанд шеърашро, ки ба забони русӣ тарҷима карда буд, хонда дод.
Баъд Эътибор Маҳмудова — тарғибгари фаъоли назму наср дар вилоят, муаллифи ду маҷмӯаи шеърӣ, академики академияи «Тӯрон» аз эҷодиёти худ намунаҳо хонд.
Аз ин вохӯрӣ хонандагон, падару модарон, муаллимон хурсанд шуданд.
Ҳамида Каримова ва Эътибор Маҳмудова ба китобхонаи мактаб чанд адад китобҳои худро тӯҳфа карданд.
Б.РУСТАМЗОД
