Ташаббуси нек
Чанде пеш бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» аксияи «Китоб тӯҳфа мекунем!» эълон гардида буд. Мувофиқи шартҳои аксия аз ҳар нафари хоҳишманд дархост карда шуд, ки аз бойгонии китобхонаи худ ба қадри имкон ба таҳририяти рӯзнома китобҳо фиристанд ва онҳо ҷамъоварӣ гардида, ба муносибати зодрӯзи мутафаккир Алишер Навоӣ барои китобхонаи мактабҳо тӯҳфа карда мешавад.
Дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби аҳли адабу маърифат ва зиёиёни вилоят беш аз 100 дона китоб ҷамъоварӣ гардид. Дирӯз дар мактаби таълими умумии рақами 73‑и шаҳри Самарқанд бахшида ба таваллуди Мир Алишер Навоӣ ва тақдими китобҳо ба китобхонаи мактаб чорабинии бошукӯҳе доир гардид.
Дар он сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” Асадулло Шукуров, роҳбари шӯъбаи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар шаҳри Самарқанд Нигора Саддинова, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва як гурӯҳ шоиру нависандагони вилоят иштирок намуда, аз баромадҳои донишомӯзон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ баҳраманд гардиданд.
Хонандагон дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Алишер Навоӣ маълумот дода, аз ашъори мутафаккири бузург намунаҳо қироат намуданд.
Дар идома беш аз сад номгӯй китоби бадеиву публиститсие, ки аз ҷониби муаллифон, аз ҷумла Ф. Тошев, Б. Ҷумъа, Т. Тугалов, А. Шукуров, А. Ҳайдаров, Ғ. Ҳасанов, Б. Раҳмонов ва дигарон ба таҳририяти рӯзнома тақдим гардида буд, ба китобхонаи мактаб тӯҳфа карда шуд.
— Мактаби мо ба ҳамаи забонҳои ҷаҳон эҳтиром дорад, — гуфт директори мактаб Озода Назарова. — Хонандагонамон ба омӯхтани забонҳои гуногун ва мутолиаи китобҳои бадеӣ шавқ доранд. Тақдим гардидани китобҳои рангоранг бо забонҳои гуногун на танҳо мо, омӯзгорон, ҳамаи донишомӯзонро низ хурсанд кард.
Дар анҷом ба як гурӯҳ хонандагони фаъоли мактаб барои иштироки фаъол дар чорабинӣ китобҳои таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд»» чопшуда, ҳадя карда шуд.
— Аксияи «Китоб тӯҳфа мекунем!»-ро бо мақсади афзунсозии шавқмандии хонандагони мактаб ба китобхонӣ ташкил кардем. Умед дорем, ки минбаъд дигар зиёиён низ ин аксияро ҷонибдорӣ карда, барои мактабҳои шаҳру ноҳияҳо китобҳоро тӯҳфа мекунанд ва ин ташаббуси нек ба анъана табдил меёбад, — гуфт Н.Саддинова.
Толиб ЮНУСЗОДА
ТӮҲФАИ ҚАРИБ САД КИТОБ БА КИТОБХОНАИ МАКТАБ
